Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини кишварро бо ҷурми пайравӣ аз гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба дувоздаҳуним соли зиндон маҳкум кардааст. Ин ҳукм дар нимаи дувуми моҳи июни имсол эълон шуда, хабараш рӯзи 14-уми июл дар вебсайти расмии Додситонии кулли Тоҷикистон нашр гардид.
Бино ба ин хабари додситонӣ, М. Худоёров ба ҳайси муҳоҷир дар Русия кор мекард ва соли 2015 дар онҷо тариқи “Телеграм” ва “Вотсап” бо баъзе аз аъзои гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” шинос шуда, даъвати онҳоро барои пайравӣ аз ин гурӯҳ ва иштирок дар ҷангҳои Сурия пазируфтааст.
Додситонии кулл мегӯяд, ки Худёровро як шаҳрванди узбакзабон бо номи “Абу Салоҳ Ахмедов” ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” даъват кардааст. “Номбурда дидаву дониста, ки иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар задухӯрдҳои мусаллаҳона, воҳидҳои мусаллаҳ ва амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар хилофи қонун буда, ҷиноят эътироф шудааст, билети ҳавопайморо ба самти “Маскав Истанбул” харидааст”, - гуфта шудааст дар хабари Додситонии кулл.
Ин манбаъ мегӯяд, баъдан Худоёров дар фурудгоҳи “Домодедово”-и пойтахти Русия боздошт ва сипас ба мақомоти тоҷик таслим карда шудааст. Тафсилоти суҳбати худоёров дар додгоҳ ва инчунин назари ваикли дифоъ ва наздиконаш ба мо маълум нест.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки тайи тақрибан чаҳор соли ахир беш аз 1100 шаҳрванди кишвар ба сафи гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” пайваста, ба Ироқу Сурия рафтаанд. То кунун хабари марги 300 нафари онҳо тавассути наздиконашон таъйид шуда, 70 нафари дигар ба ватан баргаштаанд. Додгоҳҳои Тоҷикистон дар ду соли ахир чанд узви ин гурӯҳро ба ҳукмҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардаанд.