Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломатҳои баландпояи ИМА ва Русия базудӣ мулоқот мекунанд


Мария Захарова
Мария Захарова

Маскав интизор дорад, ки дар мулоқоти 17 июли дипломатҳои баландпояи ИМА ва Русия пешниҳодҳои қобили мулоҳизае ба даст меояд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова рӯзи 13 июл гуфт, ки Маскав шояд маҷбур шавад дар посух ба ронда шудани 35 дипломаташ аз ИМА ва ғасби ду муассисаи марбут ба Русия, ки декабри соли 2016 рух дод, посухи дигаре бидиҳад.

Замоне, ки президент Барак Обама чунин тасмим гирифт, Вашингтон Маскавро дар мудохила ба ҷараёни интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ва ҳам ҷамъоварии иттилоот муттаҳам кард. Захарова гуфт, ки Вашингтон ба 35 дипломати ҷойивазкунандаи дипломатҳои беруншуда виза надод ва ин вазъият ҳузури дипломатии намояндагони кишварҳоро дар ҳолати нобаробарӣ қарор медиҳад.

Вай гуфт, ки шояд ба ҷои берун кардани шуморе аз дипломатҳо, дар заминаи коҳиши баробарвазни ҳузури ходимон мувофиқа ҳосил шавад. Захарова гуфт, ки рӯзи 17 июл мулоқоти муовини вазири хориҷаи Русия Сергей Рибаков ва мувини котиби давлатии ИМА Томас Шаннон дар назар аст ва он, ба гуфтаи ӯ, бештар хусусияти корӣ ё протоколӣ хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG