Пайвандҳои дастрасӣ

Рамазон Қодиров ҳукми қазияи қатли Немтсовро "аҷиб" номид


Рамазон Қодиров

Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ҳукми додгоҳ аз рӯи қазияи куштори сиёсатмадори мухолифи Кремлин Борис Немтсовро “аҷиб” номид ва гуфт, ки ин ҳукм бар пояи далелҳои машкук содир шудааст. Дар ин бора вебсайти расмии ҳукумати Чеченистон рӯзи 13-уми июл хабар дод.

Қодиров бо ишора ба талаби айбдоркунандаи давлатӣ, ки барои Заур Дадаев, муҷрими аслии куштор, ҳукми абад мехост, гуфт, ёд надорад, ки барои чунин ҷурм ҳукми абад бидиҳанд. Қодиров гуфтааст, алайҳи Чеченистон “ҷанги иттилоотӣ” ҷараён дорад ва куштори чеченҳо ва қафқозиҳо аз ҷониби ҳомиёни ҳуқуқи башар сарфи назар мешавад.

Рӯзи 13-уми июл додгоҳи низомии ҳавзаи Маскав сарбози пешини гурӯҳи вижаи “Север”-и Вазорати умури дохилии Чеченистон Заур Дадаевро дар қатли сиёсатмадори мухолифи рус Борис Немтсов айбдор донист ва ӯро ба мӯҳлати 20 сол зиндонӣ кард. Дадаев ин солҳоро бояд дар зиндони низомаш сангин сипарӣ кунад.

Ба навиштаи бахши русии Радиои Озодӣ, додгоҳ Дадаев ва айбдоршавандаи дигар Темирлан Аскархоновро аз орден ва рутбаҳои низомӣ маҳрум кард. Аскархонов ба 14 соли зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳ Анзор ва Шадид Губашевҳоро ба 19 ва 16 соли зиндони низомаш сахт маҳкум ва Ҳамзат Бахаевро 11 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Пештар айбдоркунандаи давлатӣ барои Заур Дадаев, ки ба гуфтаи муфаттишон иҷрокунандаи куштор аст, ҳабси якумрӣ хоста буд. Борис Немтсов шаби 27-уми феврали соли 2015 дар маркази пойтахти Русия, наздикии Кремл, кушта шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG