Пайвандҳои дастрасӣ

Айбдоркунанда барои қотили Немтсов зиндони абад талаб кард


Заур Дадаев

Айбдоркунандаи давлатӣ дар додгоҳи низомии Маскав, рӯзи 12 июл барои сарбози пешини баталони "Север"-и Вазорати дохилии Чеченистон, ки ба қатли сиёсатмадори рус Борис Немтсов айбдор шудааст, ҳукми зиндони абад талаб кард.

Айбдоркунанда аз додгоҳ барои муттаҳамони дигар аз 17 то 23 соли зиндонро талаб кард. Ба ғайр аз ин, ҳар як узви гурӯҳи ҷиноӣ ба пардохти 200 ҳазор рубл муваззаф хоҳанд шуд. Вакилони айбдоршавандаҳо талаб доранд, ки онҳо бегуноҳ эълон шаванд.

Рӯзи 29 июн ҳайъати мунсифаи додгоҳи низомӣ ин гурӯҳи панҷнафарӣ- Заур Дадаев, Анзор ва Шадид Губашевҳо, Темрлан Аскархонов ва Ҳамзат Бахаевро дар қатли Немтсов гунаҳгор эълон кард.

Наздикони Немтсов пофишорӣ мекунанд, ки дар марги сиёсатмадор раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ва ноиби фармондеҳи пешини баталони "Север Руслан Геремеев даст доранд. Аммо додгоҳ ҳеҷ гоҳ онҳоро напурсид.

Борис Немтсов 27 феврали соли 2015 дар пули Болшой Москваретский, воқеъ дар наздикиҳои Кремл кушта шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG