Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо қарордоди коршарикӣ бо Украинаро тасвиб кард


Парчами Иттиҳоди Аврупо ва Украина
Парчами Иттиҳоди Аврупо ва Украина

28 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 11 июл аз қарордоди коршарикии ин Иттиҳод бо Украина расман пуштибонӣ карданд. Ин охирин қадам дар раванди тасвиби санад буд, ки акнун аз 1 сентябр ҳукми иҷро мегирад.

Имзои санади корширикии Украина ва ИА бояд моҳи ноябри соли 2013 сурат мегирифт, аммо раиси ҷумҳури пешини Украина Виктор Янукович таҳти фишори Маскав аз он даст кашид ва бо ин роҳро ба эътирозҳои саросарӣ боз кард. Янукович моҳи феврали соли 2014 дар пайи эътирозҳои оммавӣ аз мақом барканор шуд.

Русия ба ин таҳаввулот бо ишғоли Қрим ва пуштибонии моливу низомии ҷудоиталабон дар ҷанг алайҳи Киев посух дод, ки то ҳол дастикам 10 ҳазор қурбонӣ дорад.

Президенти феълии Украина Петро Порошенко қарордоди коршарикӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро соли 2014 имзо кард, аммо санад тасвиб нашуд, зеро раъйдиҳандаҳои Ҳолланд дар як реферундум ба он мухолифат нишон доданд.

Ҳолланд санади коршарикии Иттиҳодияи Аврупо бо Украинаро моҳи июн дар ҳоле тасвиб кард, ки ҳарду палатаи порлумон авоили сол аз он пуштибонӣ карданд.

XS
SM
MD
LG