Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси бекор кардани визаи хуруҷ дар Узбакистон


Абдулазиз, Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон

Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон ва мақомоти дигар эҳтимоли лағви визаи хуруҷ барои шаҳрвандони кишварро баррасӣ карданд. Ба гуфтаи масъулини Вазорати умури хориҷӣ, ин масъала рӯзи 8-уми июл мавриди баҳс буд.

Намояндагони маъмурияти раиси ҷумҳур, Додситонии кулл, Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи давлатии гумрук, Оҷонсии муҳоҷират ва ниҳодҳои дигари Узбакистон дар ин баррасӣ иштирок доштанд.

Шаҳрвандони Узбакистон солҳо боз барои сафари хориҷ раводиди хуруҷ ё аз ҳукумат иҷоза мегиранд.

Дар бораи натиҷаи нишаст маълумоте дар даст нест.

Моҳи январи имсол, силсилаи фармонҳои раиси ҷумҳур дар вебсайти ҳукумати Узбакистон нашр шуд, ки лағви визаи хуруҷ як бахши он буд.

Аммо баъзе мақомдорон интизороти мардумро аз лағви қарибулвуқӯъ дар ин кишвари шадидан таҳти назорат бароварда накарданд.

Раводиди хуруҷ, ё иҷозаи сафар мероси даврони Шӯравӣ аст, ки монеаи аслӣ дар роҳи сафари шаҳрвандони Узбакистон ба хориҷи кишвар буда, ба манбаи фасоди мақомот табдил шудааст.

Лағви раводид аз ибтикорҳоест, ки Узбакистони таҳти раҳбарии Шавкат Мирзиевро боз мекунад. Мирзиёев баъди марги президенти дарозумри ин кишвар Ислом Каримов раиси ҷумҳур интихоб шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG