Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии ҳуқуқи Русияро ба Қирғизистон роҳ надоданд


Раҳбари "Мемориал" Виталий Пономарев
Раҳбари "Мемориал" Виталий Пономарев

Виталий Пономарев, мудири "Мемориал", як созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон, ки 9 июл аз Қазоқистон ба Қирғизистон сафар дошт, ба кишвари дувумӣ роҳ наёфт. Дар ин бора худи Пономарев хабар дод.

Ба гуфтаи Пономарев дар постгоҳи марзии Қирғизистон шиносномашро гирифтанд ва баъди чанде ба ӯ санадаҳоеро нишон доданд, ки дар асоси онҳо ҳомии ҳуқуқ аз ҳақи вуруд ба қаламрави Қирғистон маҳрум аст.

Виталий Пономарев, рӯзи 29 июн барои иштирок дар ҳамоиши марбут ба терроризм аз Москва ба Қирғизистон омад. Ин нишаст то 3 июл давом кард ва ӯ рӯзи 4 июл ба Остона рафт. Пономарев, ки мегӯяд баъзе ҷиҳози худро дар Қирғизистон гузошта буд, мехост аз тариқи Қирғизистон ба Маскав баргардад.

Вуруди Виталий Поромарев ба Қирғизистон ҳанӯз дар даврони роҳбарии президенти пешини ин кишвар Қурмонбек Боқиев мамнуъ шуда буд. Соли 2009 марзбонон дар фурудгоҳи "Манас" аз вуруди ӯба ин кишвар пешгирӣ карданд. Бори дувум ӯро тариқи роҳи оҳан ба Қирғизистон роҳ надоданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар робита ба ҳодисаи Пономарев ба ваколатдори ҳуқуқи инсони Қирғизистон муроҷиат карданд.

XS
SM
MD
LG