Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷанҷол" барои 600 доллар ҷоизаи "Гулдухтарони суғдӣ"


Талаби баргардондани ними пули ҷоиза аз барандаи озмуни “Гулдухтарони суғдӣ” ин пирӯзӣ ва мояи ифтихорро барои Сарвинози Аминҷон ба як дарди сар табдил дод. Сарвиноз хатмкунандаи Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Истаравшан аст ва охири моҳи майи имсол дар озмуни вилоятии “Гулдухтарони суғдӣ” пирӯз шуда, 5 ҳазор сомонӣ, муодили 600 доллар, ҷоизаи пулӣ гирифт.

"Наход ба пули ман муҳтоҷ бошанд?"

Ҳақиқатро пинҳон карда намешавад, мардум фаҳмад, чӣ мегӯяд? Наход ҳукумат ба ҳамин ҳазор сомонӣ пули ҷоизаи ман муҳтоҷ бошад?

Ӯ мегӯяд, ин маблағро ҳаққи ҳалоли худ дониста, мехост барои ҳалли баъзе камбудҳояш сарф кунад, аммо дархости намояндаи ҳукумат, ки бояд ними пули ҷоизаро баргардонад, ӯро дар ҳолати ногувор гузошт. Сарвинози Аминҷон рӯзи 9-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, “баъди онки диплому ҷоизаи пулиро аз дасти раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ гирифта, ба зодгоҳам шаҳри Истаравшан баргаштам, Мамлакат Зоидова, мудири шуъбаи кор бо занони ҳукумат моро даъват карда ва гуфт, ки бояд ними пули ҷоизаро бидиҳем.”

Мақомоти ҳукумати Истаравшан гуфтанд, ки қазияро баррасӣ доранд
Мақомоти ҳукумати Истаравшан гуфтанд, ки қазияро баррасӣ доранд

Мусоҳиби мо гуфт, дар аввал ният дошт, панҷсад ё ҳазор сомонии пули ҷоизаро ба онҳое, ки дар омода намудану иштирокаш дар озмун заҳмат кашидаанд, ҳадя кунад. Аммо баъди талаби мақомот аз ин раъяш гашт. “Ба ягон кас як сомонӣ ҳам намедиҳам. Наход ҳукумат аз паси ҳамин ҳазор сомонӣ пули ҷоизаи ман обрӯи худро ба замин занад? Ҳақиқатро пинҳон карда намешавад, мардум фаҳмад, чӣ мегӯяд? Наход ҳукумат ба ҳамин ҳазор сомонӣ пули ҷоизаи ман муҳтоҷ бошад?” – суол гузошт ӯ.

"Куртаи атласро ӯ пӯшад, пулашро ман диҳам?"

Бино ба иддаои Сарвинози Аминҷон, гӯё раиси бахши кор занон ва оилаи ҳукумати Истаравшан гуфтааст, ки ӯро “ба воситаи дигарон дар озмун соҳиби ҷои аввал гардонд” ва аз ин рӯ ними маблағи ҷоиза ҳаққи онҳост. Баъдан Мамлакат Зоидова далели наве пеш гузошта ва гуфтааст, ҳадди ақалл беш аз ҳазор сомониеро, ки барои иштироки Сарвинози Аминҷон дар озмун харҷ кардааст, баргардонад.

Иштирокдорони озмуни "Гулдухтарони суғдӣ"
Иштирокдорони озмуни "Гулдухтарони суғдӣ"

Мамлакат Зоидова, раиси бахши кор занон ва оилаи ҳукумати шаҳри Истаравшан, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин иддаоро, ки Сарвинозро “бо восита” дар озмун соҳиби ҷои аввал гардонд, комилан рад кард, вале аз ӯ пул пурсиданашро пинҳон надошт. Ӯ гуфт, “барои либос ва рафтуомади ӯ наздики як ҳазору чаҳорсад сомонӣ харҷ кардем. Баргардондани ҳамин миқдор пулро талаб кардам, аммо ӯ рад намуд. Ӯ атлас мепӯшад, пулашро ман диҳам? Ман 7 сол боз дар ин вазифа кор мекунам ва то ҳамин вақт ягон бор аз касе маблағ тамаъ накардаам ва нахоҳам кард. Баръакс, барои пешрафти кор ва дастгирии ҷавонон аз ҳисоби худам пул сарф кардаам, ки ба дафтаре навишта мондаам.”

Сарвинози Аминҷон мегӯяд, барои иштирок дар озмун аз дӯзандагон панҷ навъ либосро ба “иҷора” гирифта буд ва баъди чанд рӯз баргардонд. Вай гуфт, ҳанӯз оташи баҳси пули ҷоиза хомӯш нашудааст ва ӯ аз раиси ҳукумати шаҳри Истаравшан хоста, ки “мушкили ҷоизаро ҳал кунад”.

Баҳс то ҳукумат кашида шуд

Ин созмон аз додани маблағ ба “Маликаи сол” саркашӣ кард ва “Маликаи сол” ба додгоҳ шикоят бурда, маблағашро рӯёнд.

Нигора Ҳайдарзода, муовини раиси шаҳри Истаравшан, баҳси миёни барандаи озмуни зебоӣ ва мақомотро “якдигарнофаҳмӣ” номид. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “бо муаллима Зоидова низ суҳбат доштам. Аз ӯ баёнот гирифтам. Таъкид кардам, ки масъалаи дар вазифаи сардори шуъбаи занон кор карданашро баррасӣ хоҳем кард. Мо дар вақташ ба он духтар фаҳмонда ва гуфта будем, ки маблағи ҷоиза ҳаққи ҳалоли худат аст, ба ягон кас намедиҳӣ. Мутаассифона, Зоидова корро то ҳамин дараҷа расондаанд.”

Ҳайдарзода гуфт, тамоми хароҷоти иштирокдорони озмуни “Гулдухтарони суғдӣ” на аз ҷайби мансабдорони алоҳида ё худи иштирокдорон, балки аз хазинаи ҳукумат пардохта шудааст.

Пули озмунҳо аз куҷост?

Ҳамасола ин гуна озмунҳо миёни духтарони коллеҷу донишгоҳҳо ва шаҳру навоҳии Тоҷикистон баргузор мешавад. Мақомот ҳадафи аслии ин гуна озмунҳоро "тарғиби либоси миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ ва бунёди оилаи солим, одоби рӯзгордорӣ ва фарҳанги либоспӯшиву маҳорати кадбонуӣ" меноманд.

Мавзуна Абдуллоева
Мавзуна Абдуллоева

Вале сарчашмаи молии ин гуна озмунҳои зебоӣ мушаххас нест ва мақомот низ боре нагуфтаанд, ки барои баргузории масалан, озмуни зебоии “Гулдухтарони суғдӣ” чӣ қадар пул ва аз кадом ҳисоб харҷ шудааст. Соли 2015 Мавзуна Абдуллоева, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд барандаи озмуни “Маликаи сол – 2015” байни донишҷӯдухтарони Суғд гардид. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд барои пӯшиши хароҷоти иштироки вай дар ин озмун 1 ҳазору 895 сомонӣ пул ҷудо кард.

Ҷоизаи "Маликаи сол"-ро ҳам надода буданд

Вале он маблағро ба суратҳисоби созмони ҷамъиятии “Ваҳдати ҷавонон" гузаронд. Ин созмон аз додани маблағ ба “Маликаи сол” саркашӣ кард ва “Маликаи сол” ба додгоҳ шикоят бурда, маблағашро рӯёнд.

Ба дунбол раҳбари созмони ҷамъиятии “Ваҳдати ҷавонон” – Ҳасан Холиқов бо ҷурми “азхудкунӣ ё исрофи маблағи ғайр” ба миқдори 370 нишондиҳандаи маоши ҳади ақал (як нишондиҳанда – 30 сомонӣ) ҷарима ва ба муддати 1 сол аз ҳаққи фаъолият дар созмонҳои ҷамъиятӣ маҳрум гардид.

XS
SM
MD
LG