Шайма Қосим, донишҷӯи риштаи иқтисод аз шаҳри Киркук, дар маросиме, ки зери чораҳои шадиди амниятӣ дар як меҳмонсарои Бағдод шоми 19 декабр баргузор гардид, тоҷи Маликаи ҳуснро ба сар гузошт.
Дар даври ниҳоии озмун нӯҳ зебосанам аз манотиқи гуногун, аз ҷумла, аз шаҳри Мовсил, ки айни ҳол таҳти назорати гурӯҳи “Давлати исломӣ” аст, ширкат доштанд.
Шайма дар ин маросим гуфт, хело хушбахт аст, ки Ироқ сӯи пеш ҳаракат мекунад ва ин озмун ҳам аҳамияти бузург дорад, зеро тавассути он ба чеҳраи ироқиҳо табассум дамид. Маликаи ҳусни Ироқ мехоҳад собит кунад, ки Ироқ бо вуҷуди идомаи террору хушунат кишвари шефтаи зебоӣ ва фарҳанги волост. Ӯ ҳамчунин гуфт, ният дорад, ки дар барномаҳои таҳсилотӣ, ба вижа, миёни афроди бар асари ҷанг беҷошуда, саҳм бигирад.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, созмондиҳандагони озмун талош карданд, ки ин чорабинӣ шабеҳи озмунҳо дар кишварҳои ғарбӣ бошад, аммо он баъзе аз вижагиҳо дошт, аз ҷумла, аз либосҳои ҳариру нимурён парҳез шуд ва ҳама довталабон пироҳанҳои аз зону пойин ба бар карда буданд.
Озмуни маликаи ҳусни Ироқ бо ибтикори Бунёди Ал-Мада барои ВАО, фарҳанг ва иттилоъ доир гардид.
Ба иттилои шабакаи телевизионии Ал-Арабия, озмуни маликаи ҳусни Ироқ бояд рӯзи 1 октябр дар шаҳри Басра баргузор мешуд ва аммо баъди маҳкум шуданаш аз тарафи бархе рӯҳониён ва раҳбарони қабилаҳо ва таҳдидҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” мавқуф гузошта шуд. Ду нафар аз довталабон баъд аз таҳдиди афроди ношинос аз идомаи сабқат худдорӣ карданд.
Зимнан, солҳои ахир озмунҳои байнулмилалии маликаи ҳусн ҳам на фақат боиси эътирози афроди тундрав қарор мегиранд, балки ба созмондиҳандагон таҳдиди сӯиқасд ба ҷонашон мекунанд. Ду сол пеш озмуни Маликаи ҳусни олам дар Индонезӣ боиси сару садои зиёд шуд. Созмондиҳандагон бо талаби рӯҳониёни кишвар аввал аз барнома бо бикиӣ рӯи саҳна омадани довталабонро лағв карданд ва ба ҷойи зебосанамҳои кишварҳои гуногун бо саронга – пироҳани дарози индонезӣ, ки бо нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст, ҳунарнамоӣ карданд.Узви ҳайати доварон ситораи синамо Нурулофарин гуфт, ки мо ба созишҳои дигар ҳам розӣ шудем, аммо баъд аз як намоиши эътирозӣ тасмим гирифта шуд, ки бахши ниҳоии озмун на дар як маҳаллаи канори шаҳри Ҷакарта, пойтахти Индонезӣ, балки дар ҷазираи Балӣ баргузор шавад.
Дар намоиши эътирозӣ рӯҳониён озмуни Маликаи ҳуснро "зиддиахлоқӣ" номиданд ва гуфтанд, довталабон бо намоиши бадан ва пироҳанҳои худ шаҳвату фисқу фуҷурро тарғиб мекунанд. Намояндаи Ҳизбуттаҳрир дар Индонезӣ Исмоил Юсанто озмуни Маликаи ҳуснро бо пуштибонӣ аз танфурӯшии занон мусовӣ донист.
Бори ахир озмуни Маликаи ҳусн дар Ироқ соли 1972 баргузорр шуда буд. Ҳамон сол зебосанами ироқӣ Виҷдон Бурҳониддин Сулаймон дар озмуни Маликаи ҳусни олам дар Пуэрто-Рико аз кишвараш намояндагӣ карда буд. Аммо ҷомеъаи мусалмонҳои Ироқ ҳузури Виҷдон Сулаймон дар “базми шаётин”-ро маҳкум кард ва баъд аз он духтарони ироқӣ аз ширкат дар озмунҳои байнулмилалӣ худдорӣ ва гоҳ-гоҳ дар озмунҳои “Зебосанами олами араб” дар Миср ширкат мекарданд.
Мо ба кӯдакони худ Қуръон ро омӯзем ва ба дин шиноси ҷалб кунем иншоаллоҳ ин дар ояндаи кӯдак хеле фоидаовар мебошам ҳам барои падару модар ҳам барои охирати кӯдак. Афсӯс қонуне тасвиб шуд ки ин ҳам ба охирати кӯдак ҳам барои падару модари кӯдак зид мебошад яъне то 18 ба масҷид рафтан маън аст астағфируллоҳ мо ҳамаамон мемурем бояд ай Аллоҳ тарсем чун мо мусулмон ном дорем мусулмон ҳастем вале афсӯс намефаҳман ҳукуматдорон
Дар ин миллат мушохида кунед ин давлат на ин, ки 10-сол 30-сол шуд аз ухдаи тарбия ва таълим баромада тонист на падару модар, бахшиш хама фарзанд доред мушохида карда бошед назари худро нависед, шахсан ман натавонистам.
Тааччубовар дар он ки мардум мехаранд бо хамин нарх. Значить пул доранд, бою бадавлатанд.
САЛОМ БА ОЗОДИ ХОҲОНИ ОЗОДИ !АЗ РУЗЕ КИ ҚОНУН БАРОМАД, КУДАКОН ВАҲШИ ГАШТАНД , НОГУФТА НАМОНАД ; ҶАВОНОНЕ БУДАНД КИ АЗ ВОЛИДАЙН НЕ БАЛКИ ТАРБИЯ РО АЗ МАСҶИД ОМУХТАНД ' ХУДО ТАРС ШУДАНАШОН ОНҲО РО ВОДОР СОХТ ТО ЭҲТИРОМИ ВОЛИДАЙНУ УСТОДОНИ ХУДРО Ё ҲАҚҚИ ҲАМСОЯ ГАРИ ВА ХЕШУТАБОРИ РО БАҶО БИЁРАНД , ИН ҚОНУН КАЙҲО БОЯД ДИГАР МЕШУД . ТАШАККУР
Ваъда хилофӣ барои баъзеҳо ифтихор ва обуруй ба ҳисоб меравад. Мардуми осиёи миёна мард ҳастан нисбат ба ғарбиҳо ва ғайра бо номард набояд музокира кард. Миллати тоҷик ҳушёр бошед, ки ғарб мороҳам мисли худашон накунанд бо ин ҳама таблиғи расона. Мо мард ҳастем ва мард хоҳем рафт.