Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири амнияти миллии Трамп аз оташбаси Сурия ҳимоят кард


Ҳерберт Реймонд Макмастер
Ҳерберт Реймонд Макмастер

Мушовири амнияти миллии президенти Амрико гуфт, оташбасе, ки қарор аст рӯзи 9-уми июл дар ҷануби ғарби Сурия барқарор шавад, қадаме муҳим барои як сулҳи эҳтимолӣ дар тамоми гӯшаҳои он кишвар аст.

Ҳерберт Реймонд Макмастер гуфт, Амрико ба ваъдааш барои шикаст додани гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”, хатми ҷанги Сурия ва баргашти беҷошудагон ба хонаҳояшон пойбанд аст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Русия рӯзи 7-уми июл оташбасеро дар ҷануби ғарби Сурия эълон карданд. Баъди рӯйи кор омадани маъмурияти Доналд Трамп дар Иёлоти Муттаҳида ин талоши нахустин барои овардани сулҳ дар Сурияи ҷангзада будааст.

Ин оташбас, ки баъди дидори раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар ҳошияи нишасти раҳбарони бист кишвари саноатии ҷаҳон дар Ҳамбурги Олмон эълон шуд, рӯзи якшанбе ба иҷро медарояд.

Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико, гуфт, ин нахустин қадамест, ки нишон медиҳад, Вашингтону Маскав дар масъалаи Сурия метавонанд бо ҳам кор кунанд.

XS
SM
MD
LG