Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари мухолифини Туркия: “Ҳадаф якест ва он ҳам адолат аст”


Камол Қиличдоруғлу

Камол Қиличдоруғлу, раҳбари мухолифини ҳукумати Туркия, ният дорад, ки рӯзи якшанбе дар поёни роҳпаймоии якмоҳа суханронӣ кунад. Дар ин роҳпаймоӣ ҳазорон нафар аз Анкара ба Истанбул рафтаанд.

Қиличлдоруғлу, раҳбари ҳизби Ҷумҳурихоҳи Халқи Туркия, рӯзи 8-уми июл гуфт, вай дар ташкили ин роҳпаймоӣ дахил буд, то, ба гуфтаи ӯ, беқонунӣ ва беадолатиҳои мавҷуд дар низоми ҳокимро бармало кунад.

Ӯ гуфт, “ман чаро раҳпаймоӣ мекунам? Ин роҳпаймоии 450-километрӣ як ҳадаф дорад, ки аз адолат иборат аст”.

Тарафдорони Камол Қиличдоруғлу мегӯянд, ҳадафи ин роҳпаймоӣ, ки рӯзи 15-уми июни имсол дар Анкара оғоз шуд, ибрози эътироз алайҳи сиёсатҳои раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон аст.

Видеоҳои охирин

Бозии тақдирсози Аргентина. Месси Роналду мешавад?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:12:18 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG