Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон аз боздошти 21 ҷангҷӯи ДИИШ хабар дод


Яке аз қурбониёни ҳамла ба Теҳрон
Яке аз қурбониёни ҳамла ба Теҳрон

Мақомоти адлияи Эрон гуфтанд, ки нерӯҳои амниятӣ 21 гумонбари узвият дар гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро дар шаҳри шимолии Машҳад боздошт карданд. Ноиби додситони Машҳад Ҳасан Ҳайдарӣ гуфт, баъзе аз боздоштшудаҳо эронӣ ҳастанд ва бархе ҳам аз Афғонистон бо санадҳои тақаллубӣ ба Эрон ворид шудаанд.

Матбуоти Эрон рӯзи 7-уми июл аз қавли Ҳайдарӣ навишт, баъзе боздоштшудаҳо дар амалҳои террористии хориҷи кишвар низ даст доранд.

Боздошти ахир ба дунболи ҳамлаи 7-уми июн ба порлумони Эрон ва зиёратгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ, бунёдгузори Ҷумҳурии Исломӣ, сурат гирифт.

Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт.

Ҳафтаҳои ахир мақомоти Эрон аз боздошти даҳҳо “террорист” хабар доданд, ки ба гуфтаи онҳо бо ДИИШ ва гурӯҳҳои дигар робита доштанд.

XS
SM
MD
LG