Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат: "Дар Хатлон 66765 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст"


Рӯзҳои ахир нархи картошка дар бозорҳои шаҳри Душанбе аз 5 сомонӣ боло рафтааст. Масъулони бозори яклухтфурӯшии маҳсулоти кишоварзии “Деҳқон”-и шаҳри Душанбе мегӯянд, ки ҳосили картошка дар вилояти Хатлон ба сабабҳои мухталиф тибқи интизориҳо ба даст наомадааст ва ин амр сабаб шудааст, ки арзиши картошка боло равард. Ба иттилои онҳо, соли гузашта дар ҳамин рӯзҳо нархи як килограмм картошка баробари 1 сомони 30 дирам буд.

Дар ҳамин ҳол дар вазорати кишоварзии Тоҷикистон 7-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки то чанд рӯзи пеш дар вилояти Хатлони Тоҷикистон 66765 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2410 тонна бештар мебошад. Ба иттилои вазорати кишоварзии Тоҷикистон, то 3 июл дар ҷумҳурӣ 71971 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст. Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки коҳиши воридоти ин намуди маҳсулот аз Покистон, сабаби аслии болоравии нархи он дар бозорҳои Тоҷикистон шудааст.

XS
SM
MD
LG