Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Ҳолланд суқути ҳавопаймои малайзӣ дар хоки Украинаро муҳокима мекунад


Осори ҳавопаймое, ки аз Амстердам ба Куала-Лумпур парвоз мекард ва дар шарқи Украина суқут дода шуд.
Осори ҳавопаймое, ки аз Амстердам ба Куала-Лумпур парвоз мекард ва дар шарқи Украина суқут дода шуд.

Вазорати умури хориҷии Ҳолланд гуфт, ки гумонбарони суқут додани ҳавопаймои Малайзия дар фазои Украина дар соли 2014 дар додгоҳи Ҳолланд посух хоҳад дод. Вазорати хориҷа рӯзи 5 июл бо пахши ин хабар аммо аз бурдани исми гумонбарони фоҷеа худдорӣ кард, ки 17 июли соли 2014 рух дод ва боиси кушта шудаи 298 мусофир аз 17 кишвари ҷаҳон шудааст.

Вале тими муфаттишони парвандаи ҷиноӣ соли 2016 мушаххас карданд, ки ҳавопаймои мусофирбари MH17 аз ҷониби мушаки навъи “Бук” аз қаламрави зери назари ҷудоиталабони украинӣ дар шарқи ин кишвар партоб шуда буд. Тими муштараки муфаттишон, ки таҳқиқоти байналмилалиро анҷом додааст инчунин мушаххас кардааст, ки системаи мушакии “Бук” дар фурсати кӯтоҳе пеш аз суқут додани ҳавопаймо аз Русия оварда шуда баъдан зуд ба Русия дубора аз роҳҳои қочоқӣ баргардонида шудааст. Русия хулосаҳои муфаттишонро рад кардааст.

Дар изҳороти рӯзи 5 июли вазири хориҷаи Ҳолланд Берт Коендерс гуфт, ки тими муфаттишон “ҳамоно бо талошҳои таъмини онҳо бо иттилои носаҳҳеҳ ва рехтани обрӯи тими муфаттишон” рӯбарӯ мебошанд.

“Бо ин вуҷуд, - гуфт Коендерс, - дар паи тафтишоти Шӯрои амнияти Ҳолланд ва гузориши муфаттишони байналмилалӣ натиҷаҳои хубе ба даст омадааст”. Анҷоми таҳқиқотро, ба қавли ӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври пӯшида ҷонибдорӣ кардааст. Тасмими ташкили мурофиаи судӣ дар Ҳолландро Австралия, Белгия, Малайзия, Украина ва Ҳолланд қабул кардаанд. Вай гуфт, ки ин кишварҳо ҳамкориро бо муфаттишон идома дода, дар додгоҳ мавқеи ҳама ҷонибҳо ва намояндагони қурбониҳо шунида мешавад.

XS
SM
MD
LG