Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Остона даври панҷуми сулҳи Сурия баргузор мешавад


Дар даври панҷуми музокироти сулҳ барои хатми ҷанг дар Сурия, ки 4 -уми июл дар шаҳри Остонаи Қазоқистон оғоз шуд, роҳҳои баргардонидани амнияти нисбӣ дар минтақаҳои хос мавриди баҳс қарор мегирад.

Тибқи иттилои вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, ширкатдорони нишаст таъмини ёриҳои башардӯстона ва барқарории иншооти зерсохториро низ баррасӣ мекунанд. "Ҷонибҳо нақша доранд, дар бораи аз минаҳо пок кардани маконҳои таърихии Сурия, ки шомили рӯйхати мероси ғайримоддии ЮНЕСКО шудаанд, изҳороти муштарак нашр кунанд", - мегӯяд вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон

Дар ин нишаст намояндаи ҳукумати Башор Асад, мухолифини ҳукумати ӯ, Русия, ИМА, Эрон ва Туркия иштирок мекунанд. Барои иштирок дар ин нишаст инчунин, Стеффан де Мистура, фиристодаи вижаи СММ дар умури Сурия ба Остона сафар кардааст.

Рӯзи 3-уми июл артиши ҳукумати Сурия дар ҷануби кишвар оташбас эълон кард, аммо зимнан, мухолифин мегӯянд, ки Димишқ ин оташбасро чанд бор нақз кард.

Рӯзи Душанбе нерӯҳои курду араб, ки аз ҷониби ИМА тариқи ҳавопаймоҳои ҷангӣ пуштибонӣ мешаванд, ба маркази Раққа ҳамла карданд. Дар як моҳи амалиёти озодсозии Раққа аз дасти гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» чанд ноҳия дар шимолу ғарби ин шаҳр озод шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG