Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cатҳи рекордии фирори сармоя аз Русия


Сармоягузорони хориҷӣ сар аз моҳи феврали соли ҷорӣ бештар аз 1 миллиарду 600 миллион долларро аз Русия берун бурдаанд. Ин болотарин фирори сармоя аз Русия давоми 3,5 соли охир аст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсантъ" бо такя ба Emerging Portfolio Fund Research хабар медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки сармоягузорӣ дар кишварҳои дигари дар ҳоли рушд афзоиш меёбад. Ба ин тартиб, танҳо аз 26 июн то 2 июл бозори кишварҳои дар ҳоли рушд наздики 2 миллиард ва дар давоми чаҳор моҳи охир қариб 28 миллиард доллар сармоя ҷалб кардаанд.

Фирори сармоя дар заминаи ноумедшавии сармоягузорон аз рафьи ихтилофи Маскав бо Вашингтон, уфти қимати нафт ва ташдиди ихтилоф миёни "Роснефт" ва АФК "Система" рабт дорад, менависад нашрия.

Моҳи июл палатаи намояндагони Конгресси ИМА эҳтимол дорад, таҳримҳои нави зидди Русияро ба баррасӣ бигирад. Ин таҳримҳо дар посух ба дахолати Русия ба интихоботи президентии соли гузаштаи ИМА ва амалкарди русҳо дар Украинаву Сурия ҷорӣ хоҳанд шуд. Сенат ташдиди таҳримҳоро аллакай тасдиқ кард.

XS
SM
MD
LG