Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба Туркманистон сафар мекунад


Владимир Путин
Владимир Путин

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ба сафари Туркманистон омода мешавад. Дар бораи ин сафар пештар хабаргузории РИА Новости ба нақл аз сухангӯи Кремл Дмитрий Песков иттилоъ дод.

Песков гуфта буд, ки дар бораи замони сафар баъдтар гузориш хоҳанд дод. Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамтои русашро ба бозиҳои Осиё-2017 даъват кардааст.

Бердимуҳаммадов баъди интиихоби дафъаи сеюм ба мақоми президентӣ дар моҳи феврали соли ҷорӣ гуфт, ки дар байни кишварҳои шарики стратегии Туркманистон Русия дар ҷойи аввал аст.

Миёни ду кишвар чандин масъалаи баҳсталаб, аз ҷумла хариду фурӯши гази туркманӣ ва ваъдаи қарзи бузурги Москва ба Туркманистон вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG