Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тотал бо Эрон қарордоди 4.5 миллиардолларӣ имзо мекунад


Кони гази Порси Ҷанубӣ
Кони гази Порси Ҷанубӣ

Ширкати азими фаронсавии Тотал бо Эрон қарордоди чандмиллиардоллариеро барои истихроҷи газ имзо мекунад. Вазорати нафти Эрон гуфт, ки ин қарордод рӯзи 3-уми июл ба имзо мерасад.

Сухангӯи вазорат гуфт, ”Қарордоди байналмилалӣ дар заминаи истихроҷи кони Порси Ҷанубӣ рӯзи душанбе дар ҳузури вазири нафти Эрон ва мудирони Тотал, ширкати чинии CNPC ва ширкати эронии Petropars имзо мешавад”.

Тотал моҳи ноябри соли гузашта бо Эрон санаде имзо кард, ки бар асоси он 50.1 дар сади саҳмияҳои тарҳ дар ихтиёри он қарор мегирад. Сӣ дар сади саҳмияҳо дар ихтиёри ширкати чинӣ ва 19.9 дар сад дар ихтиёри ширкати Петропарс хоҳад буд.

Тотал барои иҷрои марҳилаи аввали тарҳ 1 миллиард доллар сармоя мегузорад. Қарордоди мазкур бузургтарин қарордоди тиҷоратӣ бо Эрон пас ал лағви таҳримот бар зидди ин кишвар аст.

XS
SM
MD
LG