Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 18 нафар дар се бомбгузорӣ дар Димишқ


Яке аз ҳамлаҳо дар инҷо дар майдони Таҳрир рух дод.
Яке аз ҳамлаҳо дар инҷо дар майдони Таҳрир рух дод.

Дар натиҷаи таркиши се мошини бомбгузоришуда дар шаҳри Димишқ, пойтахти Сурияро 18 нафар кушта шудаанд. Ҳодиса рӯзи 2-уми июл ба вуқӯъ пайваст. Телевизиони давлатии Сурия гузориш дод, ки маъмурони пулис се мошинеро, ки қасд доштанд, ба маркази Димишқ ворид шаванд, таъқиб кардаанд ва ду мошинро нигаҳ дошта таркондаанд.

Аммо ба ронандаи маргталаби саввум муяссар шудааст, ки ба майдони Таҳрир дар маркази Димишқ ворид шавад ва худро дар муҳосираи нерӯҳои амниятӣ битарконад. Ба гуфтаи телевизиони давлатӣ “террористон” қасд доштаанд, ки дар рӯзи аввалини корӣ баъд аз Иди Рамазон, маҳалҳои пуродами шаҳрро ҳадаф бигиранд.

Созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, ки дар Бритониё қароргоҳ дорад, гуфт дар натиҷаи се таркиш дар маҷмӯъ 18 нафар аз ҷумла маъмурони амниятии давлатӣ кушта шуданд. Касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Қиёмҳои мардумӣ дар Сурия дар соли 2011 ба хунрезӣ кашид ва сипас ба ҷанги дохилие расонд, ки дар натиҷаи он то кунун 320 ҳазор нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG