Шумори қурбониёни таркиши як мошини ҳомили сӯзишворӣ дар Покистон ба 190 нафар расид.
Ин мошини ҳомили сӯзишворӣ ҳафтаи гузашта дар ҳоле ки 60 ҳазор литр маводи сӯхтро аз Карочӣ ба Лоҳур интиқол медод, дар як шоҳроҳи шаҳри Мултони Покистон чаппа шуд.
Пулис гуфт, ки сокинон баъди чаппа шудани мошин талош доштанд, сӯзишвории рехтаро ҷамъоварӣ кунанд, аммо ҳамон лаҳза сӯхтори шадид сар зад ва бисёриҳоро ба коми худ кашид. Аксар қурбониҳои ин фалокат баъд аз шиносоӣ шудани ҷасадашон ба хок супурда шуданд.
Раҳбарони бархе аз кишварҳо ҳалокати даҳҳо нафарро ба раҳбарияти Покистон ва мардуми он кишвар таслият гуфтанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ҳафтаи гузашта ба номи президент ва нахуствазири Покистон – Мамнун Ҳусайн ва Муҳаммад Навоз Шариф – номаи ҳамдардӣ фиристода буд.