Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари 12-сола қурбони "куштори номусӣ" шуд


Акс аз видео бардошта шуд
Акс аз видео бардошта шуд

Дар минтақаи қабиланишини Хайбари Покистон як хонавода духтари 12-солаи худро, ки гуфта мешавад талош кард, бо як ҷавони ҳамдеҳааш фирор кунад, ба қатл расонданд. Дар ин бора сокинони маҳаллӣ ва мақомот рӯзи ҷумъа ба Радиои "Машъал" - бахши покистонии Радиои Озодӣ хабар доданд.

Ниёз Муҳаммад, ёвари раҳбари сиёсии ноҳияи Ландӣ Кутал гуфт, ки ин духтар рӯзи 23-юми июн фирор кард, аммо мақомоти амнияти маҳаллӣ ӯро боздошт карданд ва бо замонате ба хонаводааш супурданд, ки онҳо аз ҷони ӯ бигзаранд. Аммо хонавода дар чаҳорчуби суннати ҳимоят аз "номус" ӯро рӯзи 27-уми июн ба қатл расонд.

Ниёз Муҳаммад гуфт, ки дар робита ба ин куштор амаки ин духтари ноболиғ ва як нафари дигар боздошт шуд.

Ҳар сол дар Покистон камаш 500 зан қурбони куштори номусӣ мешавад ва дар аксар ҳолат қотилон бахшида шуда, озод мегарданд.

Соли гузашта модел ва ситораи маъруфи шабакаҳои иҷтимоӣ Қандил Балучро бародараш барои нашри аксу наворҳо дар шабакаҳо, ба қатл расонд. Се моҳ пас аз қатли ӯ порлумони Покистон қонунеро дар бораи "куштори номусӣ" ба тасвиб расонд, ки бояд муҷримони ҷиноятҳои номусӣ, ба вижа қотилонро ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашад.

XS
SM
MD
LG