Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ чечентабор дар куштори Немтсов гунаҳгор эълон шуданд


Додгоҳи мунсифае дар Русия рӯзи 29 июн панҷ марди чечентаборро дар куштори раҳбари мухолифин Борис Немтсов гунаҳгор эълон кард. Вале наздикони Немтсов додгоҳро барои он интиқод карданд, ки то ҳол шахсияти қотили воқеиро ошкор накардааст.

Немтсов як мунаққиди шадидлаҳни сиёсати президент Владимир Путин ва раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров буд ва дар вазифаи муовини нахуствазир кор кардааст. Қотил шоми 28 феврали соли 2015 замони аз болои пуле дар наздикиҳои Кремлин гаштугузор кардани Немтсов аз пушташ тир холӣ кард. Вакили дифои маҳкумшудаҳо гуфт, ки ҳамаи онҳо аз ҳукм норозӣ буда, аз болои он ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG