Пайвандҳои дастрасӣ

Шаш полиси афғон дар юриши Толибон кушта шуданд


Дар як юриши Толибон дар вилояти ҷанубии Фараҳи Афғонистон, ки соатҳои субҳи 30 июн рух дод, шаш афсари полис кушта шуд. Иқбол Баҳор, сухангӯи полис гуфт ҳамла дар вулусволии Шебкӯҳ рух дод. Абдулмаъруф Фӯлод, раиси полиси вилоят гуфт, ки дар ин ҳодиса 9 ҷангии Толибон кушта шуд. Дар як шабехуни дигаре дар вулусволии Пушти кӯҳи вилояти Фараҳ рӯзи 30 июн панҷ ҷангӣ кушта ва 9 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин ҳодиса дар миёни нирӯҳои ҳукуматӣ ҳеҷ хисороте сабт нашудааст. Толибон ҳар сари чанд ба нирӯҳо ва сохторҳои давлатии Афғонистон ҳамлаҳо анҷом медиҳанд. Дар ҷараёни ҷаласаи вазирони дифои кишварҳои узви НАТО дар Брюссел рӯзи 29 июн ваъда доданд, ки барои муқобилаи нирӯҳои давлатӣ бо шӯришиён мусоидат мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG