Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербия намояндаи аққалиятҳои ҷинсиро нахуствазир интихоб кард


Барои нахустин бор дар таърихи Сербия, як сиёсатмадори намояндаи аққалиятҳои ҷинсӣ Ана Брнабич ба мақоми нахуствазири ин кишвар пазируфта шуд. Дар овоздиҳии рӯзи 29 июн дар парлумон 157 нафар ба тарафдорӣ ва 55 нафар мухолифи таъини Брнабич ва тими вазирони ӯ овоз доданд.

Президенти бонуфузи Сербия Александр Вучич ду ҳафта пеш Брнабичи таҳсилкарда дар ғарбро ба мақоми нахуствазирӣ пешбарӣ кард. Ҳарчанд ин пешниҳоди ӯ бо мухолифатҳои шадиди милатгароҳо рӯбарӯ шуд.

Ин дар ҳолест, ки дар Сербия аққалиятҳои ҷинсӣ мавриди фишору азият қарор доранд. Таъйини Брнабич аз назари бисёриҳо ҳамчун талоши ором кардани ғарб дар заминаи наздик шудани ҳукумати Вучич бо Русия пазируфта шуд. Брнабич гуфтааст, ки ҳаракат ба самти ҳамгироии бештар бо Иттиҳодияи Аврупо дар авлавияти кори ӯ хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG