Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси 800 000 сомонӣ. Поёни нонамоёни додгоҳи Гулнора бо "Танин"


Ташхиси забоншиносии як намоиши телевизиони “Танин”, ки дар он ба иддаои зани даъвогар шаъну шарафи ӯ паст зада шудааст, баъди се моҳ анҷом шуд, аммо зоҳиран ба ҷои хомӯш кардани баҳс ба оташи он равған рехт. Гулнора Аминова, сокини шаҳри Хуҷанд, аз телевизиони ғайридавлатии “Танин” 800 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хостааст. Ӯ иддао дорад, ки ин телевизион ба шавҳари собиқаш минбар додааст, то дар ҳаққи ӯ бадгӯӣ карда, шаъну шарафашро паст занад.

Гулнора Аминова рӯзи 30-юми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ ва вакили дифоаш ба ин хулосаи ташхис розӣ нестанд ва аз додгоҳ ташхиси такрориро талаб намуданд.

Вале телевизиони “Танин” ва вакилони дифоаш бар онанд, ки масъулони телевизион вазифаи касбии худро иҷро кардаанд ва ҷавобгар бояд касе бошад, ки дар ҳаққи Гулнора Аминова ҳарфи бад задааст. Инчунин, ба иддаои онҳо, дар намоиш аз Аминова ягон бор ном бурда нашуда, ба худ нисбат додани суханҳои шавҳари собиқаш дуруст нест.

Додгоҳ алайҳи телевизиони “Танин” бо иттиҳоми “ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ” парвандаи шаҳрвандӣ боз карда, дар оғози баррасии он, тахминан 4 моҳ пеш барои ташхиси забоншиносӣ гузошта буд.

Дар ҳамин ҳол як манбаи наздик ба баррасии ин қазия дар додгоҳи Хуҷанд гуфт, ки ахиран натиҷаи ташхис дар ихтиёри додгоҳ гузошта шудааст. Тибқи он дар намоиши “Оила”-и телевизиони “Танин” ному насаби Гулнора Аминова гуфта нашудааст ва мутаносибан дар он паст задани шаъну шарафи ӯ низ вуҷуд надорад.

Вале дар қисмати дигари хулосаи ташхис гуфтаанд, ки шавҳари собиқи Гулнора Аминоваро ҳамсояву ҳаммаҳаллаҳо ва хешутабор мешиносанд ва мумкин аст шаъну шарафи Аминова ба таври “ғайримустақим” паст зада шуда бошад. Гулнора Аминова рӯзи 30-юми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ва вакили дифоаш ба ин хулосаи ташхис розӣ нестанд ва аз додгоҳ ташхиси такрориро талаб намуданд. Ӯ афзуд, ки “дар ташхиси аввал хулосаи ноҳақ баровардаанд. Ташхиси такрорӣ талаб кардем ва додгоҳ розӣ шуд.”

Muhabbat Juraeva
Muhabbat Juraeva

Додгоҳи Хуҷанд ин навбат ташхиси пурраи намоиши “Танин”-ро аз Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон дархост кардааст. Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифои телевизиони “Танин”, мегӯяд, талош доранд бо ҷониби даъвогар созиш кунанд. Ӯ гуфт, “матни созишро таҳия карда, дар ихтиёри Аминова гузоштем. Дар он шарти созиш гуфта шудааст. Вале ӯ то ҳол созишномаро имзо намуда, ба мо барнагардонд.”

Ба гуфтаи Ҷӯраева, дар созишнома гуфтаанд, ки телевизиони “Танин” ба Гулнора Аминова вақту имкон медиҳад, то назари худро баён кунад. Дувум, ҳозиранд, ки хароҷоти ӯро дар робита ба ин баҳс пурра пардохт кунанд.

Вале Гулнора Аминова мегӯяд, иштирок дар намоишро қабул надорад ва дар намоиши нав аз ӯ бахшиш пурсанд ва ҳуқуқи поймолшудаашро барқарор кунанд. Ин мавқеи ҷониби даъвогар оташи баҳсро дубора боло карда, поёни онро ба дур андохтааст.

Намоиши “Оила” дар телевизиони “Танин” моҳи декабри соли 2016 пахш шудааст. Телевизиони хусусии “Танин” яке аз 8 телевизиони маҳаллӣ дар шаҳри Хуҷанд аст. Муассисаш Шермуҳаммад Шерматов, аз овозхонҳои маъруфи Хуҷанд буда, моҳи январи соли 2014 ба пахши намоишҳои худ шурӯъ кард. Амвоҷи ин телевизион дар маркази вилояти Суғд ва атрофи он дастрас аст.

XS
SM
MD
LG