Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Ироқ эълон кард, ки ДИИШ дар Мавсил шикаст хӯрд


Ҳукумати Ироқ рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки нерӯҳои давлатӣ масҷиди қадимии Ан-Нурӣ дар маҳалаи қадимии шаҳри Мавсилро аз гурӯҳи "Давлати исломӣ" бозпас гирифтанд. Амалиёти озодсозии Мавсил дар моҳи ноябри соли гузашта оғоз шуда ва бозпасгирии ин масҷид, ки ҷои эълони хилофати худхондаи Абубакр Ал-Бағдодӣ буд, яке аз пирӯзиҳои рамзии бузург барои ҳукумати Ироқ ба шумор меравад. Гурӯҳи "Давлати исломӣ" чанд рӯз пеш манораи маъруфи ин масҷидро тарконда буд. Генерал Яҳё Расул, сухангӯи артиши Ироқ рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо телевизиони ин кишвар шикасти ДИИШ-ро эълон кард ва гуфт, ки "давлати хаёлиашон тамом шуд". Шаҳри Мавсил -- дувумин шаҳри бузурги Ироқ дар соли 2014 ба тасарруфи нерӯҳои ДИИШ даромад ва амалиёти бозпасгирии ин шаҳр ҳашт моҳ пеш оғоз шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG