Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон: Маскав бовар дорад, ки ИМА хостори тағйири режим дар Русия аст


Раҳбарони Кремлин бовар доранд, ки ИМА хостори тағйири режим дар Русия аст ва ин нигаронӣ боиси афзоиши таниш дар равобити миёни Вашингтон ва Маскав мешавад. Ин хулоса дар гузориши Оҷонсии иттилооти дифоӣ нашр шудааст, ки рӯзи 28 июн рӯи чопро дид.

Дар гузориш дар робита бо “адами эътимоди Маскав ба талошҳои демократии ИМА дар саросари ҷаҳон” гуфта шудааст, ки, ба бовари Кремлин, талошҳои Амрико гӯё бештар “аз таҳмили арзишҳои ягонаи ҷаҳонӣ” иборат мебошад.

Алорағми муваффақиятҳои таслеҳотии Русия баъди “Ҷанги сард”, гузориш мегӯяд, ки “Маскав нигарон аст, ки талошҳои ИМА барои дикта кардани меъёрҳои қобили қабули байналмилалӣ нирӯи Кремлинро аз роҳи мудохила ба умури хориҷии Русия заъиф мекунад”.

Гузориш мегӯяд, “Кремлин бовар дорад, ки баъди таҳаввулоти Украина - ИМА заминаҳои тағйири режим дар Русияро тарҳрезӣ мекунад”. Муҳаққиқон мегӯянд, ки ҳукумати президент Владимир Путин бовар дорад, ки эътирозҳои соли 2014 дар Киевро, ки боиси сарнагун шудани ҳукумати Виктор Янукович шуд, ИМА созмон додааст.

XS
SM
MD
LG