Додгоҳи Қирғизистон 3 гумонбари ҳамлаи соли гузашта ба сафорати Чин дар Бишкекро барои муддати тӯлонӣ равонаи зиндон кард. Додгоҳи ноҳиявии Первомайски шаҳри Бишкек рӯзи 27-уми июн се гумонбарро ба даст доштан дар ҳамла ба сафорат муҷрим эълон кард ва ба онҳо аз 10 то 18 сол ҳукми зиндон дод. Додгоҳ бо ин ҳукм ҳамзамон амр кард, ки амволи муҷримон мусодира шавад.
Қурмонбек Тӯйбоев, вакили онҳо ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки аз рӯйи ҳукми додгоҳ ба зинаҳои болии адлия шикоят мебарад.
30-юми августи соли гузашта дар пайи ҳамлаи як бомбагузори интиҳорӣ ба сафорати Чин дар Бишкек се шаҳрванди Қирғизистон маҷрӯҳ шуд. Ҳамлагар бо мошин ба бинои сафорат зад ва бомбаро дар кабина ба кор даровард.
Ба гуфтаи муфаттишон, бомбгузориро Сироҷиддин Мухторов, сокини Уш амр дод, ки дар зодгоҳаш бо номи Абу Салоҳ шинохта шудааст. Гуфта мешавад, ки ӯ ҳамроҳ бо уйғурҳои қавмӣ, ки аз "Ҷабҳатуннусра" пуштибонӣ мекунанд, бар зидди ҳукумати Сурия меҷангад.