Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аз боздошти 4 террористи эҳтимолӣ хабар дод


Мақомоти Қирғизистон аз боздошти чаҳор узви эҳтимолии як шабакаи террористӣ хабар доданд, ки гӯё мехостанд дар ҳудуди ин кишвар ҳамлаҳо анҷом диҳанд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 28 июн гуфт, ки боздоштшудаҳо ҳама шаҳрванди ин кишвар буда синну солашон аз 21 со 34-сола мебошад.

Ба гуфтаи ин кумита, боздоштшудаҳо бо истифода аз маводи худсохти тарканда мехостанд чандин амали террористиро дар марзи Қирғизистон анҷом диҳанд. Мақомот гуфтанд, ки ин гурӯҳ бахше аз як созмони террористии байналмилалӣ мебошад, вале ҷузъиёти бештар пахш нашуд. Ҳанӯз мушаххас нест, ки ин нафарон кай ва дар кадом шароит боздошт шудаанд.

Котиби давлатии амнияти Қирғизистон Темир Ҷумъақодиров рӯзи 27 июн гуфт, ки танҳо соли 2016 сохторҳои ҳифзи қонун аз вуқӯи 17 ҳамлаи террористӣ ҷилавгирӣ карданд. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, ки садҳо шаҳрванди Қирғизистон ба узвияти созмонҳои даҳшатафкани назири гурӯҳи “Давлати исломӣ” шомил шудаанд.

Видеоҳои охирин

"Озодии Зайд Саидов ду роҳ дорад - ё авфи умумӣ, ё президент ӯро бубахшад"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:50 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG