Рӯзи 28-уми июн дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оғоз ёфт. Бино ба иттилои расмӣ, мавзӯи аслӣ дар ин ҳамоиш, баррасии раванди иҷрои Барномаи байнидавлатии мубориза бо ҷиноятҳо, ба шумор меравад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД-и Тоҷикистон, дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии ИДМ, вазирони корҳои дохилии Русия, Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон, раиси Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ Олег Коновалов, муовинони вазирони корҳои дохилии Молдова, Арманистон ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ, ширкат доранд. Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дидору гуфтугӯ кунад.