Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА: Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқи инсон ба талошҳои амалӣ даст зад


ИМА дар гузориши наваш оид ба вазъи мубориза бо қочоқи инсон дар саросари ҷаҳон Тоҷикистонро аз кишварҳое номидааст, ки дар ин самт ба талошҳои амалӣ даст мезанад. Гузориши нави Департаменти давлатӣ рӯзи 27 июн дар Вашингтон аз ҷониби вазири хориҷа Рекс Тиллерсон ва мушовири президенти ИМА Иванка Трамп муаррифӣ шуд.

Муаллифи гузориш – Департаменти давлатии ИМА менависад, соли 2016 дар Тоҷикистон 18 парвандаи марбут ба қочоқи инсон баррасӣ шуд ва дар ниҳоят 17 нафар ҷазо гирифтанд. 10 қочоқбари инсон дар Тоҷикистон соли гузашта ба мӯҳлати аз 5 то 9 соли зиндон маҳкум шуданд.

Дар миёни муҳимтарин иқдомҳое, ки соли 2016 дар Тоҷикистон гирифта шуд, ин тасдиқи механизми нави миллии мубориза бо қочоқи инсон ва таъсиси гурӯҳи вижаи назорати иҷрои он мебошад. Яке аз дигар иқдомҳо – қабули нақшаи назорат аз кори иҷбории кӯдакон дар майдонҳои пахта барои солҳои 2016-2018 будааст. Вазорати маорифи Тоҷикистон, ба қавли муаллифони гузориш, бо пахши номаву огаҳиҳо масъулинро дар манотиқ аз манъи истифодаи нирӯи кӯдакон огоҳ мекунанд. Гузориш ҳокист, ки назар ба гузаштаҳо ҳоло сатҳи огоҳонии муҳоҷирони корӣ пеш аз сафар ба хориҷа аз хатарҳои қочоқи инсон бештар шуда, ходимони полис дар макони кор ва ҳам дар дарсҳои мактаби милиса дар заминаи мубориза бо қочоқи инсон дарсҳои вижа мегузаранд.

Соли 2014 дар ноҳияи Ёвон кӯдакон дар чиниши пахта ҷалб мешуданд
Соли 2014 дар ноҳияи Ёвон кӯдакон дар чиниши пахта ҷалб мешуданд

Вале айни замон, чанд масъалае боқӣ мемонад, ки суръати пешрафтро дар ин самт кунд мекунад, мегӯяд гузориш. Аз ҷумлаи он, адами кӯмаки давлат ба қурбониёни қочоқ, таъмин нашудани онҳо бо сарпаноҳ, қатъи кори телефони кӯмак барои қурбониёни хушунат ва вуҷуди фасод аст, ки гоҳо барои беҷавоб мондани қочоқчиён мусоидат мекунад.

Департаменти давлатӣ дар поёни гузориш мегӯяд, Тоҷикистон ҳамоно бештар кишвари содиркунанда, на қабулкунандаи қурбониёни қочоқи инсон мебошад. Занону мардон ва гоҳо кӯдакони тоҷик дар Русия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қазоқистон, Туркия ва Афғонистон мавриди истисмор қарор мегиранд. Аз миёни онҳо бештар занону кӯдакон дар бозори фаҳшои Туркия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Русия, Саудия, Қазоқистон, Афғонистон ва дохили Тоҷикистон истисмор мешаванд. Бархе занон дар гузашта бо ваъдаи издивоҷ дар Сурияву Ироқ ба бардагии ҷинсӣ фурӯхта шудаанд, мегӯяд гузориши Департаменти Давлатӣ.

Рафоат, зани танфурӯше аз Душанбе
Рафоат, зани танфурӯше аз Душанбе

Гузориш ба мақомоти Тоҷикистон машварат додааст, ки ҳама қазияҳоро то охир ва мӯшикофона таҳқиқ карда қонунгузории худро дар ин замина бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонад ва ҳамкории давлат ва созмонҳои ҷамъиятиро афзоиш диҳанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG