Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА Сурияро аз омодагиҳо ба ҳамлаи нави кимиёӣ ҳушдор дод. ВИДЕО


5 апрел маросими хоксупории қурбониёни як ҳамлаи эҳтимолии кимиёӣ дар Сурия баргузор шуд

ИМА гуфт, ки нишонаҳои омодагии Сурия ба як ҳамлаи кимиёии дигар дар ин қаламрав ошкор шудааст ва ҳукумати Башор Асадро ҳушдор дод, ки дар сурати анҷоми чунин ҳамла, “нархи гароне” пардохт хоҳад кард. Дар изҳороти Кохи Сафед, ки шоми 26 июн нашр шуд, гуфта шудааст, ки омодагиҳои Сурия монанд ба ҳамон ҳамлаест, ки моҳи апрел сурат гирифт. Дар паи ин ҳамла президент Доналд Трамп амр дод, ки ба як пойгоҳи ҳавоии Сурия мушак партоб шавад.

Сухангӯ Шон Спайсер гуфт, ки “ИМА дар Сурия ба хотири нобуд кардани гурӯҳи “Давлати исломӣ”-и мустақар дар Ироқу Сурия мебошад”. Роҷеъ ба ҳодисаи моҳи апрел Трамп гуфта буд, ки ҳукумати Асад дар натиҷаи истифода аз гази заҳрогин дасти кам 70 нафарро ба қатл расонд, вале ин иттиҳомотро Димишқ ҳеҷ гоҳ эътироф накардааст. Дар паи ин равобити миёни Вашингтону Маскав, ки аз ҳукумати Асад ҳимоят мекунад, вориди ихтилоф шуд. ИМА гуфт, ки вокуниши Амрико ба ҳамлаи кимиёӣ якдафъаина буда нияти тавсеаи нақшаш дар Сурияро надорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG