Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон аз номзадии Сооробой Жээнбеков ҳимоят кард


Алмосбек Отамбоев ва Сооробой Жээнбеков
Алмосбек Отамбоев ва Сооробой Жээнбеков

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 24 июн дар робита ба номзади Ҳизби сотсиал-демократӣ ба мақоми раёсати ҷуҳмур Сооронбой Жээнбеков изҳори назар кард. Ӯ гуфт, сарвазири кунунӣ Сооронбой Жээнбековро аз соли 1995 инҷониб мешиносад.

"Он замон ману вай вакил будем. Ва тақрибан дар соли аввал эътилофи "Ислоҳот"-ро таъсис додем, ки аз 70 вакил 28 нафараш аъзо шуданд. Ин эътилоф ба президенти вақти Қирғизистон писанд набуд. Сооронбой муовини ман буд ва 20 сол аст, ки ман ӯро як шахси содиқ ва амин мешиносам", - гуфт президент.

"Нахуст, ман бовар дорам, ки дар анҷумани ҳизб аз ӯ ҷонибдорӣ мекунанд. Ин интихоби хубе барои кишвар хоҳад буд. Ин одами ростқавл аст. Ман фикр мекунам, ки вай кишварро дар самти кунунӣ пеш мебарад", - гуфт Отамбоев.

Интихобот дар Қирғизистон 15 октябр баргузор мегардад.

XS
SM
MD
LG