Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

BuzzFeed: Русия сафирашро аз ИМА бозмехонад


Сафири Русия дар Вашингтон Сергей Кисляк
Сафири Русия дар Вашингтон Сергей Кисляк

Сафири Русия дар Вашингтон Сергей Кисляк, ки дар маркази моҷарои дасткории Кремл дар интихоботи президентии соли гузаштаи ИМА қарор гирифтааст, пас аз 10 сол кор дар ин мақом бозпас ба кишвараш фаро хонда мешавад.

Дар ин бора нашрияи интернетии BuzzFeed рӯзи якшанбе ба нақл аз се манбаъ хабар додааст. Қарор шудааст, ки Кисляк нимаҳои моҳи июл Вашингтонро тарк кунад ва зиёфати хайрбоди ӯ бояд 11 июл дар меҳмонсарои St.Regis, ду гузар дуртар аз Кохи сафед баргузор шавад.

Фаъолияти дипломат ҳоло зери заррабини чанд кумита ва муфаттиши вижае қарор ёфтааст, ки мавридҳои дахолати Русияро дар равандҳои демократии Амрико таҳқиқ мекунанд. Кисляк бо сенатор Ҷефф Сешнс чанд мулоқот дошт, ки акнун Додситони кулли ИМИА таъйин шудааст. Вай ҳамчунин бо сармушовир ва домоди президент Трамп -- Ҷарред Кушнер низ вохӯрдааст. Дар дидор бо ахирӣ дурнамои ташкили каналҳои махфии иртибот байни Кохи сафед ва Кремл баррасӣ шудаанд. На Сешнс ва на Кушнер аз ин гуфтугӯҳо сари вақт хабар надодаанд.

Моҳи май кумитаи умури байнулмилалии Думаи давлатӣ аз номзадии муовини вазири корҳои хориҷии Русия Анатолий Антонов ба мақоми сафири нави Русия дар ИМА пуштибонӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG