Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи Албания ба пирӯзии аврупогароҳо ишора дорад


Идӣ Рамо дар интихоботи рӯзи 25 июн овоз дод

Натиҷаи муқаддамотии интихоботи Албания баёнгари он аст, ки ҳизби ҳокими сотсиалисти кишвар метавонад ба мӯҳлати навбатӣ дар сари қудрат бимонад. Ин интихобот дар таҳкими равобити ояндаи кишвар бо Итиҳодияи Аврупо хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Рӯзи 26 июн Комиссиюни марказии интихоботҳо гуфт, ки баъди ҳисоб шудани 40 дар сади раъйҳо ҳизби нахуствазир Идӣ Рамо бо 52 дарсади раъйи тарафдоронаш пештоз аст.

Дар сурати тасдиқ шудани ин натиҷаҳо, сотсиалистҳо дар парлумони иборат аз 140 курсӣ 76 курсиро аз они худ мекунанд ва ин шумор 11 адад бештар назар ба соли 2013 мебошад. Ҳисобҳои муқаддамотӣ ба ҳизби демократи Лулзим Башо 29 дарсади раъйҳо ё 40 курсии парлумонро ихтисос медиҳад, ки назар ба интихоботи гузашта 9 курсӣ камтар будааст.

Як узви эътилофи сотсиалистҳо – Ҷумбиши сотсиалистҳо барои ҳамгироӣ тахминан 16 дарсад ваё 4,5 дар сад раъйи бештарро ба даст овардааст. Қарор аст шоми 26 июн натиҷаҳои ниҳоии интихобот пахш шавад. Агар ин натиҷаҳо тасдиқ шаванд, Рамои 52-сола ва рӯ ба Аврупо метавонад бидуни ташкили эътилофи сиёсӣ аз паи тарҳрезии барномаҳои сиёсиаш шавад.

Интихоботи Албания рӯзи 25 июн баргузор шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG