Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноҳияе дар Раққа аз дасти ДИИШ озод шуд


Эътилофи арабҳову курдҳои зидди гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” бо пуштибонии ИМА ноҳияи Ал-Қадисияи воқеъ дар наздикии Раққаро аз дасти ҷангиён озод карданд. Нирӯҳои демократии Сурия дар паи се рӯзи ҷангҳои шадид тавонистанд ин минтақаи воқеъ дар ғарби Раққаро, ки истеҳкоми гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебошад, озод кунанд.

Дар ин бора дар изҳороти рӯзи 25 июни Нирӯҳои демократии Сурия хабар дода шуд. Муборизаҳо барои озод кардани Раққа оғози моҳи июн, баъди як моҳи ба муҳосира гирифта шудани ҷангиён дар дохили шаҳр шурӯъ шуд. Ин гузоришҳо дар рӯзе пахш шуд, ки нирӯҳои ироқӣ бо пуштибонии ИМА дар бораи дастовардҳои ҷиддиашон дар Мавсил - пойтахт ва охирин истеҳкоми ДИИШ гузориш доданд. Аз даст рафтани Раққаву Мавсил пирӯзии азими нирӯҳои эътилофӣ дар мубориза бо шӯришиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” арзёбӣ мешавад, ки соли 2014 қаламравҳои зиёдро дар Сурияву Ироқ зери назорат гирифтанд.

Сухангӯи нирӯҳои эътилофӣ полковник Раян Диллон рӯзи 25 июн гуфт, ки бо шадидтар шудани муборизаҳо ва маҳдудтар шудани ҳалқаи муҳосира, муқовимати ҷангиён ҳам тундтар шудааст. Вай гуфт, дар ду ҳафтаи аввали маърака нирӯҳои эътилофӣ фавқулодда пешрафт карданд. Эътилоф бо кӯмаки ИМА ба размандагони Нирӯҳои демократии Сурия аз роҳи ҳаво ва тӯпхонаҳо мусоидат мекунад.

Эътилоф инчунин хабар дод, ки чанд раҳбари гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ”, аз ҷумла Турки Биналӣ, як рӯҳонии зодаи Баҳрайнро нобуд кардааст, ки маъмулан барои корҳои тарғиботӣ ва пахши видеоии даъватҳои шӯришиён истифода мешуд. ИМА дар ҷанги шашсолаи Сурия аз мухолифони президент Башор Асад ҳимоят мекунад. Русия ва Эрон аз Асад ҳимоят мекунанд ва ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” алайҳи ин ду ҷониб меҷанганд.

XS
SM
MD
LG