Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ҷустӯҷуи 100 нафар, ки зери хок мондаанд


Дар инҷо ҷустӯҷуи бештар аз 100 нафар идома дорад.
Дар инҷо ҷустӯҷуи бештар аз 100 нафар идома дорад.

Наҷотбахшон дар Чин ба ҷустӯҷуи бештар аз 100 нафаре идома медиҳанд, ки рӯзи 24-уми июн дар натиҷаи ярч бенишон шудаанд. Ҳодиса дар рустои Шинмо дар вилояти ҷанубуғарбии Сичуан рух дод ва тақрибан 40 хона зери хоку гил мондааст.

Пораи кӯҳ, ки поён лағжид 2 километри як рӯдхонаро ҳам бастааст. Ба гуфтаи мақомоти Чин, маъмурони наҷот то рӯзи шанбе аз зери хок 9 ҷасад пайдо кардаанд ва теъдоди қурбониён дар ин рӯз ба 24 нафар расидааст.

Дар маҷмӯъ 109 нафар бенишон шудаанд ва умед барои зинда пайдо кардани онҳо кам мешавад. Хабаргузории давлатии Синхуна навиштааст, ки дар амалиёти наҷот бештар аз 3 ҳазор нафар ширкат доранд, вале хатари такрори ярч корҳоро суст кардааст. Борони зиёди чанд рӯзи ахир сабаби лағшиши кӯҳпора шудааст.

XS
SM
MD
LG