Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Узбакистон


Парчами Тоҷикистон ва Узбакистон
Парчами Тоҷикистон ва Узбакистон

Ҳукумати Тоҷикистон намояндаи тиҷоратии кишвар дар Узбакистон Абдурасул Муҳидовро аз мақомаш барканор кардааст. Қарор дар ин бора тақрибан як моҳи пеш бо имзои Эмомалӣ Раҳмон содир шуда, вале нусхааш рӯзи 24-уми июн ба дасти мо расид.

Дар ин қарор сабаби барканории намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Узбакистон чизе гуфта нашудааст ва маълум нест, ки дар ҳоли ҳозир ин вазифаро кӣ бар дӯш дорад.

Бино ба қарорҳои дигари ҳукумати Тоҷикистон, ки тақрибан як моҳ қабл имзо шудаанд, намояндагони тиҷоратии кишвар дар Туркия, Афғонистон, Малайзия, Олмон, Кувейт ва Қазоқистону Украина низ аз мақомҳои худ озод гардидаанд. Далели ин тасмими ҳукумат гуфта нашудааст.

Қарори афроди тозатаъин ба ин мақомҳо дар даст нест. Ин нукта ҳам мушаххас нест, ки афроди барканоршуда дар кадом ниҳод ва дар чӣ сатҳ ба корашон идома медиҳанд.

Намояндагиҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ як бахши муҳим рушди равобити иқтисодӣ гуфта мешаванд.

XS
SM
MD
LG