Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушии раҳбари як хоҷагӣ баъди онки гандумашро гирифтанд


Ҳусниддин Раҷабов, раиси як хоҷагии деҳқонӣ дар вилояти Андиҷони Узбакистон худкушӣ кардааст. Додситонӣ мегӯяд, ки тафтиши ин ҳодисаро шурӯъ кард ва ба зудӣ мӯйро аз хамир ҷудо мекунад.

Баъзе аз кишоварзони ноҳияи Избаскани вилояти Андиҷон гуфтанд, Ҳусниддин Раҷабов нақшаи ҷамъоварии гандумро пурра иҷро карда, ният дошт, гандуми боқимондаро ба кормандонаш бидиҳад ва аз қарзи худ дар назди онҳо халос шавад. Аммо баъди онки, ба гуфтаи кишоварзон, ҳокими ноҳия гандуми боқимондаро бо зӯр гирифт, Раҷабов худкушӣ кардааст.

Ҳусниддин Раҷабови 38-сола, сокини маҳаллаи Ободи ноҳияи Исзбаскани вилояти Андиҷон рӯзи 21-уми июн худкушӣ кардааст. Яке аз кишоварзони ин ноҳия дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки Ҳусниддин Раҷабов дар хонааш худро овехт.

«Ҳусниддин баъди адои нақша як қисми гандумро гузошта буд, то бо тақсими он аз қарзаш халос шавад. Аммо ҳоким амр додааст, ки ин қисми боқимондаи гандум низ аз ӯ гирифта шавад. Дар натиҷа, дар ҳолати стресс Ҳусниддин худкушӣ кардааст», - гуфт ӯ.

Як корманди Додситонии вилояти Андиҷон низ худкушии Ҳусниддин Раҷабовро тасдиқ кард. Вай гуфт, «ин воқеа дар ноҳияи Избаскан рух додааст. Ҳоло ин қазияро додситонӣ таҳқиқ дорад. Ҳанӯз сабаби худкунии ин кишоварзи ҷавон маълум нест.»

Дар гузашта низ дар Узбакистон бархе аз кишоварзон дар пайи таҳдиду фишорҳои равонӣ аз тарафи мақомоти болоӣ худкушӣ карда буданд.

XS
SM
MD
LG