Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Манучеҳр: “Писари маро ба худкушӣ расондаанд, ё куштаанд”


Акси Манучеҳр Мирсалимов
Акси Манучеҳр Мирсалимов

Падари як донишҷӯи Академияи Вазорати умури дохилӣ, ки ҷасадашро аз канори рӯдхонаи Сир пайдо карданд, мегӯяд, додситонӣ ба таҳқиқи сабабҳои марги писараш шурӯъ кардааст. Ғайрат Мирсалимов рӯзи 23-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, додситонӣ таҳқиқ дорад, ки оё дар воқеъ Манучеҳр Мирсалимови 19-сола худкушӣ кардааст, ӯро куштаанд ва ё ба худкушӣ водор кардаанд.

Баъзе аз фарзияҳо ҳастанд, Аммо касеро дастгир накардаанд. Мо гумон мекунем, ки дар даруни академия, дар казарма, баъзе зӯроварӣ шудааст

Ба гуфтаи Ғайрат Мирсалимов, онҳо бовар надоранд, ки писараш қасди ҷони худ карда бошад ва хулосаи ташхиси тиббии додгоҳӣ шубҳаи онҳоро дар бораи марги писари ҷавонашон зиёдтар кардааст. “Экспертиза нишон дод, ки дар баданаш ягон осори ҷароҳат нест, вале дар пушти сараш бо як ашёи кунд задаанд. Ҳамчунин, табибон навиштаанд, ки дар гулӯяш рӯмолча бастагӣ буд. Худаш ин рӯймолчаро бастааст, ё касе баста буғӣ кардааст, инаш номаълум. Инро тафтишот муайян мекунад”, - гуфт Ғайрат Мирсалимов.

Воқеан дар хулосаи ташхиси тиббии ҷасади Манучеҳр, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст омадааст, ки "Ҳангоми ташхиси судии тибии ҷасади Мирзосалимов Манучеҳр дар танаш чунин ҷароҳатҳо дарёфт карда шуд: захм дар мавқеи фарқ ва пушти сар аз тарафи рост ва хароша дар мавқеи китфи чап, ки аз таъсири ҷисми сахту кунд .. ба вуҷуд омада бошад."

Айни замон дар ташхис гуфта шудааст, ки "рӯймолчаи басташуда дар гулӯи ҷасад, ба маҳкам намудани роҳи нафас алоқамандӣ надорад."

Волидони Манучеҳр дар додситонӣ баёнот додаанд ва гуфтаанд, ки ба худкушии писарашон бовар надоранд ва фикр мекунанд, ки ӯро дар ҷойи таҳсилаш ба худкушӣ водор кардаанд.

Акси Манучеҳр Мирсалимов
Акси Манучеҳр Мирсалимов

“Баъзе аз фарзияҳо ҳастанд, Аммо касеро дастгир накардаанд. Мо гумон мекунем, ки дар даруни академия, дар казарма, баъзе зӯроварӣ шудааст”, – афзуд падари донишҷӯи Академияи Вазорати умури дохилӣ.

Додситонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки парвандаи марги Манучеҳр Мирсалимовро таҳқиқ мекунад, касеро ҳанӯз ба марги ҷавони тоҷик муттаҳам накардааст. Дар додситонӣ ифтитоҳи парванда барои муайян кардани сабабҳои марги Манучеҳрро таъйид карданд, вале гуфтанд, ки ба далели ҳифзи асрори тафтишот, ҷузъиёте дар ин бора дода наметавонанд.

Манучеҳр Мирсалимов рӯзи 3-юми июни имсол нопадид шуд ва хешовандонаш барои пайдо кардани ӯ дар шаҳри Хуҷанд огаҳинома насб карданд.

Баъд аз се рӯзи ҷустуҷӯ ҷасади Манучеҳрро, ки ҳамин сол ба Академияи Вазорати умури дохилӣ шомил шуд, рӯзи 7-уми июн дар канори рӯдхонаи Сир дар наздикии истгоҳи обкашии “Ёва – Арал” пайдо карданд. Манучеҳр Мирсалимов, ба гуфтаи падараш, фарзанди севуми хонадон аст ва баъд аз хатми мактаби миёна дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашт, соли 2016 ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ шомил шуд. Ӯ, ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна ду бор дар варзиши гуштии озод пирӯз гардида, ҷомҳои “Қаҳрамони Тоҷикистон” миёни наврасонро ба даст овардааст.

Манучеҳр Мирсалимов рӯзи 3-юми июни имсол нопадид шуд ва хешовандонаш барои пайдо кардани ӯ дар шаҳри Хуҷанд огаҳинома насб карданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон мегӯянд, бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, аз ҷумла муассисаҳои таълимии интизомиву низомӣ яке аз мушкилоти доғ боқӣ мемонад ва ҳолатҳои худкушии сарбозони навомада дар гузашта борҳо мушоҳида шудааст.

Мақомот мегӯянд, барои решакан кардани бадрафторӣ бо сарбозони навомада, чораҳои зиёд меандешанд ва дар ҳар воҳиди низомӣ ва муассисаҳои таълимӣ телефонҳои додситонҳо навишта шудааст, то сарбозон дар сурати муносибати ғайриоинномавӣ ба онҳо муроҷиат кунанд.

XS
SM
MD
LG