Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансаби нави писари Абдуфаттоҳи Ғоиб дар Вазорати умури дохилӣ


Шоҳрух Саидзода
Шоҳрух Саидзода

Шоҳрух Саидзода, писари Абдуфаттоҳи Ғоиб – раиси Хадамоти гумрук – иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати кофтукоби ҷиноятии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъин шудааст. Дар Вазорати умури дохилӣ гуфтанд, ки ин тағйирот охири моҳи апрели имсол сурат гирифта, Шоҳрух дар ин мақом Набиҷон Исозодаро иваз кард. Ин тағйирот тоза дар вебсайти расмии вазорат ҷой дода шуд.

Исозода феълан сардори Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа аст. Шоҳрух Саидзода дар гузашта дар мақоми муовини сардори Раёсати кофтукоби ҷиноятии ВКД кор мекард.

Ин писари Абдуфаттоҳи Ғоиб, ки рутбаи майори милисаро дорад, 31-сола буда, аз соли 2012 боз дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ кор мекунад. Вай маълумоти олии иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносӣ дошта, феълан муҳассили факултаи рақами аввали Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунанда будааст.

Вебсайти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки Шоҳрух Саидзода бо нишони сарисинагии “Корманди беҳтарини оперативӣ” сарфароз шудааст.

Шоҳрух Саидзода аз намояндагони “ҷавонони тилоӣ”, ки фарзандони мансабдорони баландпояи Тоҷикистонро дар бар мегирад, мебошад. Ӯ, ҳамин тавр, аз афроди хеле наздик ба Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ном бурда мешавад.

Тими футболи “Истиқлол” дар соли 2007 бо ибтикори ҳардуи онҳо ба вуҷуд омад ва Рустами Эмомалӣ ибтидо дар ҳайати ин тим як муддат бозӣ ҳам мекард ва муассиси аслии “Истиқлол” ном ҳам бурда мешуд. Аммо аз ҳамон сол то ба имрӯз президентии ин тими футболро Шоҳрух Саидзода бар ӯҳда дорад.

XS
SM
MD
LG