Пайвандҳои дастрасӣ

Обид Асомов пас аз 10 сол ба телевизиони Узбакистон баргашт


Ҳаҷвнигори шинохта Обид Асомов

Узбакистон ба устоди мазҳака Обид Асомов иҷоза дод, ки баъди танаффуси даҳсола дар телевизиони он кишвар зоҳир шавад.

Ҳунарпешаи машҳур Обид Aсомов, ки солҳои ахир танҳо дар барномаҳои ҳаҷвии телевизионҳои Русия ва театри ҳаҷвии Евгений Петросян ширкат мекард, рӯзи 24-уми июн дар телевизиони Узбакистон барномаи худро бо номи “Ханда ҳатмист” ба ҳамватанонаш пешкаш хоҳад кард.

Дар ин бора саҳифаи фейсбукии шабакаи миллии телевизиони Узбакистон хабар дод.

Пахши ҳаҷвияҳои ҳунарпешаи 54-сола дар телевизионҳои Узбакистон дар даҳ соли охир бо дастури нонавишта манъ буд. Дар ин бора худи ҳунарпеша моҳи ноябри соли гузашта дар яке аз мусоҳибаҳояш изҳори назар кард.

Асомов гуфт, эҳтимол тасвири муҳоҷирони узбак дар барномаи “Оинаи каҷнамо”-и телеизиони Русия сабаби чунин дастур бошад.

Aсомов дар гузашта ҷоизаҳои давлатии Узбакистон, бо шумули унвони Ҳунарманди шоистаи Узбакистонро дарёфт кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG