Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озеров: Низомиёни тоҷик ҳам метавонистанд ба Сурия сафарбар шаванд


Виктор Озеров, раиси Кумитаи амният ва дифои Шӯрои федератсияи Русия дар сӯҳбат бо оҷонсии “Интерфакс” гуфтааст, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба ҳайси аъзои созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ метавонанд нирӯҳои худро ба Сурия фиристанд. Дар як мусоҳибааш бо ин оҷонсӣ рӯзи 23-юми июн Виктор Озеров гуфтааст, “ҳангоми эҷоди манотиқи нави интиқоли нирӯҳо дар Сурия – Русия, Туркия ва Эрон ба мувофиқа расиданд, ки амнияти ин манотиқро ҳамин се кишвар бо ҷалби низомиёни кишварҳои дигар таъмин хоҳанд кард”.

Ӯ гуфт, “агар ин танҳо як ташаббуси Туркия набошаду хости дилашро мисли як воқеият намегуфта бошад, ирсоли низомиёни Қазоқистону Қирғизистон ба Сурия метавонист дар чандин самти дигар ҳамчун як аломати хубе хидмат мекард”. Дар посух ба ин савол, ки кадом кишварҳои дигари СПАД метавонистанд ба манотиқи амниятӣ ҷалб шаванд, Озеров исми Тоҷикистонро ҳам ба забон овард.

“Тоҷикистон ҳам чунин имконият дорад, вале ин танҳо андешаҳои назариявии мо аст”, - гуфт Озеров ва афзуд, ки то ҳанӯз на бо Қазоқистон ва на бо Қирғизистон ҳеҷ тавофуқи амалӣ дар ин самт ҳосил нашудааст.

Ба гуфтаи Виктор Озеров, тавсеаи шумори ширкатҳои ҳозир дар Сурия метавонист ба ҳадафи аз ин пеш эълонкардаи Русия дар бораи ҳузури як эътилофи зиддитеррористии густурдае ҷавобгӯ бошад. Озеров гуфт, ки ин эътилоф метавонад ҳамчун як “амалиёти сулҳҷӯёнае бо иштироки кишварҳои узви СПАД” арзёбӣ шуда, низомиёни ин кишварҳо таҷрибаи таъмини амният дар манотиқи муайянро ба даст оваранд.

Озеров гуфтааст, ки аҳолии Қазоқистону Қирғизистон аксаран мусулмонтаборанд ва онҳо “расми аҳолии маҳаллиро беҳтар дарк мекунанд ва бархӯрди сокинони маҳаллӣ ҳам ба онҳо аз ҳамин зовия хоҳад буд”. Ӯ гуфтааст, ки дар сурати ҳосил шудани ҷунин қарор, он “хуб қабул мешавад”.

Рӯзи 22 июн матбуоти Туркия аз қавли намояндаи президенти Туркия Иброҳим Қалин навишт, ки Туркия ва Русия дар чаҳорчӯби созишномаи таъсиси қароргоҳҳои нави низомиён, метавонанд низомиёни худро дар вилояти Идлиби Сурия ҷой диҳанд. Дар ин хабар гуфта шуд, ки Русия истиқрори нирӯҳои Қазоқистон ва Қирғизистонро дар ин қаламрав пешниҳод кардааст.

Рӯзи ҷумъа вазири умури хориҷии Қазоқистон Қайрат Абдураҳмонов гуфт, ин кишвар бо ҳеҷ нафаре масъалаи ирсоли нирӯҳояшро ба Сурия баррасӣ намекунад. Қирғизистон ҳам ин хабарҳоро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG