Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ми-8"-и "Тоҷик эйр" бо 20 мусофир ба Хоруғ парвоз кард


Бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр”, субҳи имрӯз, 23-юми июн чархболи “Ми-8” бо беш аз 20 мусофир аз Душанбе ба самти Хоруғ парвоз кардааст. Азиз Хайруллоев, сухангӯи ин ширкат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки парвозҳо дар масири Душанбе-Хоруғ доимӣ набуда ва танҳо ба асоси дархости мусофирон анҷом мешавад. Вай далели ин амрро ба номусоид будани обу ҳавои Хоруғ барои парвози чархболҳо унвон кард. Ба гуфтаи вай, дар авоили моҳи апрел парвозҳои чархболи “Ми-8” дар ин масир шурӯъ шуда ва пас аз чанд парвоз ба иллати мазкур, мутаввақиф шуда буд.

Зимнан, рӯзи 25-уми феврали соли ҷорӣ ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр” эълон карда буд, ки парвозҳоро дар масири Душанбе-Хоруғаз сар гирифта ва парвозҳо дар ин масир тавассути чархболи “Ми-8” анҷом мешаванд. Он замон масъулони ширкати “Тоҷик Эйр” таъкид доштанд, ки ба далели кӯҳнаю фарсуда шудани ҳавопаймо “Ан-28” ва истеҳсол нашудани қисмҳои эҳтиётӣ ба он, парвоз ба ин самт тавассути чархбол сурат мегирад. Чархболи “Ми-8” метавонад 22 мусофирро ба манзил расонад. Парвози чархбол аз Душанбе ба Хоруғ соати 8-и субҳи вақти маҳалӣ сурат гирифта ва қимати билет барои як нафар 695 сомониро ташкил медиҳад.

Парвозҳо аз Душанбе ба Хоруғ дар ҳоле анҷом мешавад, ки роҳҳои мошингард ба сӯи шаҳри Хоруғ -- маркази вилояти Бадахшон бар асари борандагиҳо ва резиши тарма зуд-зуд баста мешаванд ва роҳи алтернативӣ барои рафтуомад ба ин минтақа танҳо роҳи ҳавоӣ боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG