Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведевро барои "блок" кардан дар Twitter ба додгоҳ кашиданд


Нахствазири Русия Дмитрий Медведев
Нахствазири Русия Дмитрий Медведев

Корманди Бунёди мубориза бо фасод дар Русия Георгий Албуров аз рӯи нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ба додгоҳ шикоят бурд ва мегӯяд, Медведев ҳақ надошт ӯро ба "рӯйхати сиёҳ"-и сафҳаи Твиттераш шомил кунад.

Вакилони Албуров мегӯянд, сафҳаи Медведев манбаи расмии маълумоти давлатист, зеро тори он дар сомонаи ҳукумати Русия ҷой дода шудааст. Биноан, меафзоянд онҳо, Медведев бо берун кардани номи Албуров аз сафҳаи худ қонуни матбуотро поймол кард.

Даъвои Албуров ҳанӯз дар феҳристи аризаҳои сомонаи Додгоҳи ноҳияи Пресняи шаҳри Маскав нашр нашудааст.

Моҳи марти соли равон Бунёди мубориза бо фасод дар бораи моликияти Медведев тадқиқотеро нашр намуд. Медведев, ки пештар асосгузори бунёд Алексей Навалнийро ба "рӯйхати сиёҳ"-и сафҳаи Твиттери худ ворид карда буд, пас аз нашри мавод роҳи Албуровро низ ба сафҳаааш баст. Маводи бунёдро Медведев "ҳосили дурӯғи авомфиребони сиёсӣ" номид.

XS
SM
MD
LG