Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурудгоҳи Остона номи Назарбоевро гирифт


Фурудгоҳи Остонаи Қазоқистон
Фурудгоҳи Остонаи Қазоқистон

Фурудгоҳи Остона, пойтахти Қазоқистон, номи раиси ҷумҳури ин кишвар Нурсултон Назарбоевро гирифт. Қарори ҳукумат дар ин бора рӯзи 21-уми июн дар вебсайти нашрияи расмии “Казахстанская правда” ба чоп расид.

Мансабдорони Қазоқистон борҳо пешниҳод кардаанд, ки пойтахти ин кишвар Остона ба хотири арҷгузорӣ ба раиси ҷумҳури амалкунанда Нурсултон Назарбоев “Элбасӣ” номида шавад. Аммо ин пешниҳод то кунун пуштибонӣ наёфтааст.

Қаблан бо қабули як қонун порлумони Қазоқистон Назарбоевро расман “Пешвои миллат”, яъне “Элбасӣ” эълон карда буд.

Нурсултон Назарбоев беш аз 27 соли ахир раҳбари Қазоқистон аст. Дар ин кишвар як қатор муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла Донишгоҳи Назарбоев ва мактабҳои мафкуравии Назарбоев, ба шарафи ӯ номгузорӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG