Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтушуниди хуруҷи Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо оғоз ёфт


Дэвид Дэвис ва Мишел Барнйе
Дэвид Дэвис ва Мишел Барнйе

Дар музокироти нахустини бурунрафти Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо масъалаҳои "ташкилӣ" баррасӣ шуданд, ки тартиби мавзӯъҳои мавриди баррасӣ ва замонбандии гуфтушунидро дар бар мегиранд.

Вазири Брекзит ё бурунрафти Бритониё Дэвид Дэвис ва раиси ҳайати Иттиҳоди Аврупо Мишел Барнйе рӯзи 19-уми июн гуфтушунидро тибқи банди 50-и Созишномаи Иттиҳоди Аврупо ба роҳ монданд, ки хуруҷи кишвари узвро пешбинӣ мекунад.

Ба гуфтаи Дэвис, гуфтушунид дар фазои мусбат ва созанда оғоз шуд. Барнйе низ инро тасдиқ кард ва гуфт, ки дар навбати аввал бояд масъалаи коргарони хориҷӣ ва марзи миёни Ирландия ва Ирландияи Шимолӣ баррасӣ шавад. Масъалаи ҷубронпулие, ки Лондон бояд ба Брюссел пардозад, дар қатори мавзӯъҳои аввалиндараҷа номбар нашуд.

Харҷи “талоқ ва тақсими моликият”, бино ба бархе шуморишҳо, бояд 50 миллиард фунт стерлинг (зиёда аз 57 миллиардов евро)-ро фаро бигирад. Вале рӯзномаи “Файнаншл Таймс” менависад, бо шиддат ёфтани талаби кишварҳои узв, Брекзит мумкин аст, ҷайби Бритониёро ба андозаи 100 миллиард евро холӣ кунад.

Ба гуфтаи манобеи Би-би-сӣ, гуфтушунид тибқи нақшаи Иттиҳоди Аврупо ҷараён хоҳад гирифт. Яъне, аввал шароити хуруҷи Бритониё баррасӣ мешавад ва танҳо он гоҳ масъалаи ҳамкориҳои оянда ва созишномаи тиҷоратӣ.

XS
SM
MD
LG