Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AIIB барои бозсозии Норак 60 миллион доллар дод


Бонки Осиёии Сармоягузории Зербиноӣ ё AIIB барои бозсозии нирӯгоҳи Нораки Тоҷикистон 60 миллион доллар ҷудо кард. Қаблан Бонки Ҷаҳонӣ гуфта буд, ки барои бозсозии нирӯгоҳи Норак, дар маҷмуъ, 300 миллион доллар хоҳад дод.

Дар назар аст, марҳилаи аввали бозсозии нирӯгоҳи Норак, ки барқарорсозии се чарха ва иваз намудани шаш трансформатор иборат аст, моҳи июни соли 2023 анҷом шавад. Бар асоси ҳисобҳои қаблии Вазорати молияи Тоҷикистон, барои тармиму бозсозии 9 чархаи нерӯгоҳи Норак беш аз 4,7 миллиард сомонӣ ё 600 миллион доллар зарур аст.

Нерӯгоҳи барқи обии Норак яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон буда, зиёда аз 70 дар сади нирӯи барқи кишвар дар онҷо истеҳсол мешавад. Сохтмони нирӯгоҳ дар соли 1961 дар дарёи Вахш оғоз гардида, агрегати нахустинаш соли 1972 ва охиринаш соли 1979 ба кор даромадааст. Феълан ин нирӯгоҳ бо 77 дар сади тавоноиаш фаъолият мекунад.

Бар асоси маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, 95 дар сади ниёзҳои Тоҷикистон ба нирӯи барқ тавассути нирӯгоҳҳои барқи обӣ таъмин шуда ва 60 дар сади ин нирӯгоҳҳо бояд то соли 2020 бозсозӣ шаванд.

Бонки Ҷаҳонӣ ҳушдор додааст, ки кӯтоҳӣ дар иҷрои ин амр метавонад ба мизони тавлиди барқ дар Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ гузошта ва мумкин аст мизони тавлид аз 2,306 Мегаватти соли 2012 то 760 Мегаватт дар соли 2030 коҳиш ёбад.

XS
SM
MD
LG