Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушӣ ё куштор? Марги мармузи писарбачаи 8-сола дар Айнӣ


Деҳае дар ноҳияи Айнӣ
Деҳае дар ноҳияи Айнӣ

Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Айнӣ аз рӯи ҳодисаи ошкор шудани ҷасади писарбачаи 8-сола дар оғилхонаи манзилаш таҳқиқро шурӯъ кардааст. Ин ҳодиса рӯзи 19 июн дар деҳаи Кишттӯдаки ноҳияи Айнӣ рух дод. Ҷасади писарбача дар ҳоле пайдо шуд, ки дар оғилхона ба дор овехта шуда буд.

Ҷасади Э.Ҳ.-и 8 соларо модараш пайдо кардааст. Кароматулло Майизов, як тан аз наздикони ин кӯдак рӯзи 19 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар назари аввал чунин менамояд, ки гӯё кӯдак худро ба дор овехтааст. Майизов гуфт: “Лекин ақли ҳеҷ кас ба ин бовар намекунад, ки як кӯдаки хурдсол чунин кор кунад. Ҳоло мо наметавонем бигӯем, ки ин куштор аст. Ҷасади кӯдакро барои ташхис бурданд ва ҳоло бовар дорам, ки мақомот сабабашро аниқ мекунанд”.

Ба гуфтаи ӯ, субҳи рӯзи 19 июн модари кӯдак барои либосшӯи ба хонаи модараш, ки дар деҳаи ҳамсоя аст, рафтааст. Писарбача дар хона танҳо мондааст. Пас аз чанд соат ба хона баргашта, дар рӯи ҳавлӣ кӯдакро пайдо накард ва баъди ҷустуҷӯ ӯро дар дохили оғилхона ба дор овехташуда ёфт.

Кормандони мақмот ба макони ҳодиса даъватшуда ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. Ҳанӯз худкушӣ ва ё куштор будани ин ҳодиса мушаххас нашудааст.

XS
SM
MD
LG