Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ҳафт ҷавон дар садамаи мудҳиш дар Восеъ


Акс аз бойгонист.

Дар натиҷаи як садамаи нақлиётии мудҳиш дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб ҳафт ҷавон ба ҳалокат расидааст. Фалокат шоми ҳамин рӯз 18-уми июн рух додааст. Хешовандони яке аз ин ҷавонон бо номи Фаррух ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зоҳиран ду мошин дар роҳ ба ҳам бархӯрдаанд ва аз мусофирони ҳарду мошин ҳеҷ касе зинда намондааст.

Яке аз табибон дар шифохонаи марказии ноҳияи Восеъ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ вуқӯи фалокатро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҷасади шаш ҷавонро барои муоина ба шифохонаи онҳо оварданд ва ҳафтумӣ зинда, вале дар ҳолати бисёр вазнин интиқол ёфт.

“Баъзе устухонҳояш реза шуда буд, шушаш пора шуд, ҳар қадар саъй кардем, мутаасифона натавонистем, ӯро наҷот бидиҳем. Баъди 10-15 дақиқа даргузашт” – гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ. Калонсолтарин қурбонии фалокат 24 сол доштааст, бақия 23-сола ва яке 20 сол ҳам доштааст.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, чаҳор нафари онҳо аз ноҳияи Ҳамадонӣ ва се нафар аз Кӯлоб будаанд. “Хешовандонашон омаданд, мо ҷасадҳояшонро ба онҳо супурдем. Сабаби фалокатро мо намедонем, мо табиб ҳастем, сабабҳояшро мутахассисони дигар таҳқиқ мекунанд” – гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ. Мақомоти интизомӣ ҳам барои таҳқиқ ба ҷойи ҳодиса омадаанд.

Яке аз хешовандони қурбонии фалокат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор буд, ду нафар аз ин ҷавонон баъд аз Иди Рамазон издивоҷ кунанд. Дар Тоҷикистон садамаҳои нақлиётӣ як омили асосии маргу мир ва маъюбӣ ба ҳисоб меравад ва рӯзона тақрибан як нафар дар чунин фалокат кушта мешаванд. Дар чанд соли гузашта ҳам талафот дар натиҷаи садамаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон дар тӯли сол на камтар аз 400 нафар будааст.

Соли 2015-ум 446 нафар, соли 2014-ум 449 нафар ва соли 2013 472 нафар дар роҳҳои кишвар ҷон додаанд. Сабаби асосии садамаҳо ба гуфтаи мақомот суръати баланди ҳаракат, танзиму назорати номукаммали бехатарии ҳаракат, таълими нодурусти ронандагон аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG